Сиддиқии Балхӣ
Сиддиқии Балхӣ (форсӣ: صدیقی بلخی[1]), маъруф ба Хоҷа Мирак (форсӣ: خواجه میرک; ? — қарни XVI) — шоир ва донишманди форс-тоҷик, шайхулисломи Балх.
Зиндагинома вироиш
Писари шайхулисломи Балх Хоҷа Ҳошимии Сиддиқӣ. Дар зодгоҳаш касби камол кардааст. Пас аз марги падар шайхулисломи Балх шуд ва дар 40-солагӣ вафот кард. Сидиқӣ шоири тавоно ва пурмаҳсул буда, ба қавли тазкиранависон, дар сурудани анвоъи гуногуни шеър, махсусан ғазалу қасида маҳорат доштааст. Сиддиқӣ ба қасидаи «Дарёи аброр»-и Хусрави Деҳлавӣ назираи хубе гуфтааст.
- ↑ صدیقی بلخی(форсӣ). vista.ir. 30 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт вироиш
- Сиддиқӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).