Силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш
Силсилаи Нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш
вироишДар НБО Сарбанд — се гидроагрегати иқтидорашон 45 ҳазор кВт ва се гидроагрегати иқтидорашон 35 ҳазор кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи НБО Сарбанд 240 ҳазор кВт – ро ташкил медиҳад. Ду агрегати аввалини нерӯгоҳ соли 1962 ва 4 агрегати дигар соли 1963 ба кор даромадаанд.
Дар НБО Шаршара — ду гидроагрегати иқтидорашон 10800 кВт ва як гидроагрегати иқтидораш 8350 кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи НБО – и Шаршара 29950 кВт – ро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ соли 1959 ба кор дароварда шудааст.
Дар НБО Марказӣ — ду гидроагрегати иқтидорашон 7550 кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умуми муайяншудаи НБО –и Марказӣ 15100 кВт – ро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ соли 1964 ба кор дароварда шудааст.
НБО Бойғозӣ — дар дарёи Вахш сохта шудааст. Дар НБО Бойғозӣ 4 гидроагрегати иқтидорашон 150 ҳазор кВт. насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи нерӯгоҳ 600 ҳазор кВт- ро ташкил медиҳад. Се гидроагрегати аввалини нерӯгоҳ соли 1985 ва охиронаш – соли 1986 ба кор андохта шудааст. То 1 январи соли 2010- ум НБО Бойғозӣ 54,3 миллиард кВт.соат барқ истеҳсол кардааст.
Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т. Ӯлҷабоев дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони неругоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар НБО Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.
Обанбори Норак дар дарёи Вахш барои таъмини НБО Норак бо об сохта шудааст. Обанбори Норак чунин параметрҳо (сатҳу ҳаҷм)-ро дорост:
- дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
- чуқурии миёна - 107 м
- фаррохӣ - 5км
- ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3
- ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;
- баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
- сатҳи максималии об – 910 м;
- сатҳи минималии об - 857м;
То 1 январи соли 2010 НБО - и Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерўи барқ истеҳсол кардааст.
НБО Сангтӯда-1 — дар дарёи Вахш сохта шудааст. НБО Сангтӯда-1 — иқтидораш 670 МВт ва қудрати истеҳсолиаш 2,7 млрд. кВт-соат дар як сол аст.
Бо шарофати кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2004соли аз нав ба фаъолият сар кардани сохтумони Нерӯгоҳҳои баркии обии Сангтӯда-1 ва Роғунгардид. Ҳангоми боздиди расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 аҳднома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар сохтмони Нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 баста шуд. Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари ИМА муайян гардид. Ҳукумати Федератсияи Русия ба сохтмони Нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 250 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ (75% саҳмияи Федератсияи Русия ва 25% саҳмияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст) намудааст. Сохтмони НБО Сангтӯда-1 соли 2004 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 2008, охиринаш соли 2009 ба кор дароварда шудааст. НБО Сангтӯда-1 соли 2009 пурра ба истифода дода шудааст.
НБО Сангтӯда-2
вироишНеругоҳи барқи обии Сангтӯда-2 поёнтар аз НБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш ҷойгир шуда, бо он дар якҷоягӣ амал мекунад ва он имконияти танзими ҳаракати обро дар давоми шабонарӯз медиҳад. Иқтидори 4 агрегати НБО Сангтӯда-2 - 220 МВт мебошад.
20 феврали соли 2006 маросими сохтмони Нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 оғоз гардид. Хароҷоти умумии Нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 220 млн. доллари ИМА буда, 180 млн. доллари онро Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ўҳда гирифтааст, 40 млн. доллари дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баъди ба истифода додани НБО Сангтӯда-2, ки соли 2012 дар назар дошта шудааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон барқи НБО Сангтӯда-2- ро 12,5 сол истифода мебарад (методи «Биоти»). Баъди он НБО Сангтўда – 2 пурра ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
Сохтмони калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ – НБО Роғун соли 1976 оғоз гардида буд. Иқтидори лоиҳавии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 гидроагрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад беш аз 17 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.[1]
Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Компанияи «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо компанияи «Русал» бекор карда, азм кард, ки Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО Роғун таъсис ва оинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид.
Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар давраи истиқлол зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Дар ин иншооти муҳимми аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст. 29 октябри соли 2018 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз бахшиданд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун(тоҷ.). president.tj (29 октябри 2016). 27 Декабри 2018 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Официальный сайт Сангтудинской ГЭС-1
- Новости Сангтудинской ГЭС-1 Бойгонӣ шудааст 5 сентябри 2010 сол.
- Сохтори "Барки Тоҷик"(пайванди дастнорас)