Роғун
Роғун — шаҳр дар Тоҷикистон. Шаҳри Роғун дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Масоҳати умумии шаҳри Роғун 661 км²– ро ташкил дода, бо ноҳияи Файзобод, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Балҷувон ҳамсарҳад аст. Масофа аз маркази шаҳр то шаҳри Душанбе 110 км ташкил медиҳад. Шаҳри Роғун 0,5 фоизи ҳудуди умумии ҷумҳуриро ишғол менамояд ба ҳайати шаҳр 3 ҷамоат шомиланд: шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об, деҳоти Сичароғ.[2].
Шаҳр | |
Роғун | |
Кишвар | Тоҷикистон |
минтақа | НТҶ |
ноҳия | Роғун |
Раиси шаҳр | Сунъатулло Саидзода |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 1 230 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 15 200[1] тан (2022) |
Миллият | тоҷикҳо |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3134 |
Нишонаи почта | 735000 |
Таърих
вироишТаърихи ташаккули шаҳри Роғун ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ омухта нашудааст. Бо назардошти он, ки дар ҳудуди ноҳияи Файзобод соли 1976 сохтмони НБО-и азими Роғун оғоз мегардад 25 декабри соли 1986 шаҳрчаи сохтмончиён бо номи Роғун ташкил гардида, шаҳраки Оби Гарм ҳамчун ҷамоат дар ҳайати он ворид шуд. Вале бозёфти олоту асбобҳои қадима аз ҷониби шаҳрвандон ва номи қадимаи баъзе деҳаҳо (Камари Муғул, Қалъаи Кофар) гувоҳи он мебошанд, ки диёри имрӯзаи Роғун таърихи қадима дорад. Дар ибтидои таъсисёбиаш шаҳр ҳамчун ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ном дошт, ки он шӯрои ҷамоат ва деҳаҳоро дар бар мегирифт. Аввалин маркази шаҳр интихоб гардида, баъдан марказ ба шаҳри навбунёди Роғун, ки дар пойгоҳи деҳаи Майдон бунёдгашта буд, кӯчонида шуд.
Иқлим
вироишМинтақаи кӯҳии шаҳри Роғунро аз қисмати шарқӣ- қаторкӯҳҳои Қаротегин ё худ қаторкуҳҳои Дарвоз ва аз қисмати ҷанубӣ бошад Сурхкӯҳи ноҳияи Файзобод иҳота намудааст, маркази шаҳр дар баландии 1460 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад Баландии қаторкӯҳҳо 3000-3500 метрро ташкил медиҳад. Дар минтақа иқлими муътадил ҳукмфармост. Ҳарорати ҳаво зимистон ба ҳисоби миёна -5-15 °C , дар баландкӯҳҳо-10 то -20 °C, хунук ва тобистон аз + 20 °C то +25 °C гарм мешавад. Миқдори бориш баҳисоби миёна 700-1200 миллиметрро ташкил медиҳад. Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз тарафи шимол ва ҷанубу шарқ бод бо суръати баланд мевазад.[2].
Табиат
вироишИқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхез имкон медиҳанд, ки соҳаҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ рушду нумӯ кунанд. Дар ноҳия себ, тут, чормағз, анор, зардолу, нок ва ангур парвариш карда мешаванд. Ҳамзамон дар миқёси шаҳри Роғун обҳои шифобахши табии мавҷудан, ки дар заминаи онҳо аз соли 1947 осоишгоҳи Оби гарм фаъолият дорад. Оби маъдании осоишгоҳи Оби гарм барои муолиҷаи бемориҳои асаб, рагу пой, пӯст, гурда, ҷигар, касалиҳои занона, радикулит, осехандроз ва ғайра шифо мебахшад. Олами набототи шаҳр бағоят ғанист. Дар минтақаи кӯҳӣ рустаниҳои мавсимӣ ва буттаҳои гуногун месабзанд. Дар қисмати талу тепаҳо бошад, дарахтҳои пиставу бодом, буттаи дӯлона, дарахти шакунг, амрут, қаюм, себ, анҷир, олуча, гелос, нок, арғувон, арча, бушол, заранг, фарқ, балар, орич, ирғай, чинор, тӯғ, санҷид, сафедор, шумтол, настаран, зирк ва ғайраҳо мерӯянд. Дар баландиҳои аз 3500 метр марғзорҳо мавҷуданд. Доманакуҳҳои шарқи чашмаҳои гарм доранд. Шаҳри Роғун аз канданиҳои фоиданок низ бой аст. Мавҷудияти чунин сарватҳои табии аз ҷумла намак, ангиштсанг, мармар, сурма, мис, биринҷ, ва дигар фулузоти нодир.
Аҳолӣ
вироишТо 1 январи соли 2015 аҳолии шаҳри Роғун 41,1 ҳазор нафар ё 0,5 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолии шаҳр 20,0 ҳазор нафар занҳо 48,6 фоиз ва 21,1ҳазор нафар мардҳо 51,4 фоиз ташкил медиҳад. Суръати афзоиши солонаи аҳолӣ 2,1 фоиз ва зичии аҳолӣ 123,5 нафарро дар 1 км² ташкил медиҳад. Шаҳр аз рӯи хусусияташ саноатӣ буда, 49,7 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва 50,3 фоизи онҳо дар шаҳр истиқомат доранд. Дар давоми солҳои 2012-2014 аҳолии шаҳру деҳот 1,2 ҳазор нафар ё 3,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Маълумоти ба рӯйхатгирии шумораи аҳолӣ дар соли 2012 нишон дод, ки шумораи аҳолӣ дар шаҳру деҳот 3,2 фоиз коҳиш ёфтааст (1600 нафар). Сабаби коҳиш ёфтани аҳолӣ аз ҳудуди шаҳр ба дигар минтақаҳоӣ ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳурӣ рафтани аҳолии шаҳр мебошад.[2].
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
14,8 | ↗15 | 15 | ↘14,9 |
Иқтисод
вироишРоғун асосан шаҳри саноатӣ буда, шумораи корхонаҳои саноатии он имруз зиёда аз 17 ададро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ дар соли 2014 беш аз 51 миллиону 080,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2013 – 45,4 млн сомонӣ зиёд мебошад, ки ин тамоюл асосан ба суръат гирифтани ҷараёни сохтмони НОБ-и “Роғун” вобаста мебошад.
Дар шаҳри Роғун калонтарин нерӯгоҳи обии барқӣ бунёд мегардад, ки он аҳамияти минтақавӣ дорад. НБО Роғун калонтарин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он соли 1976 оғоз гардидааст. Иқтидори лоиҳавии ин нерӯгоҳ ба 3600 мегаватт соат баробар буда, нерӯгоҳ дорои 6 агрегат (иқтидори ҳар як агрегат 600 мегават соат) мебошад. Нерӯгоҳ бояд дар як сол ба миқдори 13,1 миллиард киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол намояд. Айни замон дар сохтмони НБО Роғун 7286 нафар фаъолият мекунанд. Дар шароити имрӯза варианти асосии сохтмони НОБ-и Роғун ба кор даровардани навбати аввали нерӯгоҳро дар назар дорад, ки дар натиҷаи он ду агрегати аввал бо иқтидори умумии 800 мегаватт соат ба кор шурӯъ хоҳад кард. Арзиши умумии навбати аввали нерӯгоҳ бо назардошти таҷҳизоти мавҷуда, барои ба кор даровардани ду агрегат, 590,7 миллион доллари амрикоиро талаб мекунад. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ин ду агрегат ба 4,5 миллиард киловатт соат баробар аст. Мувофиқи баҳодиҳии мутахассисон барои ба анҷом расонидани сохтмони НОБ-и Роғун бештар 2,2 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудан зарур мебошад. Дигар корхонаҳои саноатии миқёси ноҳия ин корхонаҳои хурду миёнае мебошанд, ки асосан барои сохтмони НОБ-и Роғун фаъолият мекунанд.
Кишоварзӣ
вироишДар соҳаи кишоварзӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳа ва иҷрои барномаҳои дар ин самт қабулгардида тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2014 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 62 миллиону 614,1 ҳазор сомонӣ расид, ки ин ба 93,3 фоизи соли 2013 баробар мебошад. Шумораи хоҷагиҳои хурду калони деҳқонӣ дар шаҳри Роғун аз 1098 адад расонида шуд. Майдони умумии кишти зироатҳои шаҳри Роғун дар соли 2014 – 2279 гектарро ташкил медиҳад, ки аз 1869 га. ғалладонагӣ, 186 га. картошка, 135 га. сабзавот, 49 га. зироатҳои техникӣ, 11 га. полезӣ ва 73 га. хуроки чорво мебошад. Ҳосилнокии ғалладонагиҳо 18,8 сентнер картошка 223,0, сабзавот 165,3, зироатҳои техникӣ 8, ва полезиҳо 162,7 сентнерро ташкил додааст. Саршумори чорвои калони шохдор дар шаҳр ба 17888 сар, чорвои майда 63039 сар ва парранда ба 36765 сар расонида шуд.Барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳрдар ҳаҷми 4739 тонна хӯроки чорво захира карда шудааст.[2].
Пайвандҳо
вироиш- roghun.tj — вебгоҳи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун
Эзоҳ
вироиш- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 24 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 ҲОЛАТИ УМУМӢ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ВОҚЕИИ ШАҲРИ РОҒУН. roghun.tj. 21 Январ 2020 санҷида шуд.