Синҷ
Синҷ — чӯббасти иморат ё деворест, ки рӯи пойдевор сохта шуда, байни сутунҳояшро бо хишт, лой ва дигар масолеҳи сохтмон пур мекунанд.
Синҷ маъмулан барои мустаҳкамии девор, ба заминларза тобовар шудани он, инчунин ороиши тарҳи берунию дохилии иморат хидмат мекунад. Дар меъмории Осиёи Миёна иморати синҷӣ хеле маъмул буда, хелҳои гуногуни синҷбандӣ аз қабили тагсинҷу болосинҷ дар деворҳои чор тарафи иморат сохта мешавад, ки онҳоро бо сутунҳо ва ҳоваи мустаҳкам карда, байни сутунҳоро девор мекунанд. Иморатҳо боз яккасинҷ (яксинҷа) ва дусинҷа (синҷи дуюм барои тоқча, таҳмон ва ғайра) мешаванд. Дар осори меъмории гузашта иморатҳои қӯшсинҷ низ маъмул буд, ки тагсинҷи иборат аз 3 то 6 қабат гузошта шуда, қабати болоии онро тавассути сутунҳо ба болосинҷ мепайвастанд. Иморати қӯшсинҷ ба заминларза тобовар буда, ҳавои хонаро муътадил нигоҳ медорад. Ҳоло ҳам мардум ҳангоми сохтани хонаҳои иқоматӣ аз усулҳои синҷбандӣ истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Синҷ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).