Сипеҳрии Бухороӣ (форсӣ: سپهری بخارایی‎; ? — қарни Х) — шоири ҳамқарни Рӯдакӣ, аз ашъораш фақат чаҳор мисраъ мондааст.

Сипеҳрии Бухороӣ
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Роҷеъ ба ҳаёти ӯ маълумоти аниқе нест. Муаллифи «Маҷмаъу-л-фусаҳо» ӯро аз ҳамсуҳбатони Абулмуайиди Балхӣ ва Абулмасали Бухороӣ медонад. Ашъораш аз қасидаву ғазал иборат будааст, ки дар мавзӯъҳои анъанавии ишқу тасвири манзараҳои табиат ва панду насиҳат суруда шудаанд. Дар мадҳ ва лирикаи манзаравии Сипеҳри Бихороӣ истиораҳои нозук ва тавсифҳои баландсадову муболиғаҳои нодир бисёр будаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Сипеҳрии Бухороӣ / А. Абдуллоев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.