Мирзобек Сипеҳрии Завораӣ (форсӣ: سپهری زواره ای [1]; ?, Завора — 1571, Ҳиндустон) — шоир, сӯфӣ ва донишманди форс-тоҷик.

Сипеҳрии Завораӣ

Зиндагинома вироиш

Аввал дар Исфаҳон мезист. Пас ба назди бародараш Хоҷа Аминуддин маъруф ба Хоҷаи Аминӣ мулаққаб ба Хоҷаи Ҷаҳон — вазири Акбаршоҳ ба Ҳиндустон рафт ва он ҷо аз дунё даргузашт.

Ба қавли тазкиранависон Сипеҳрии 3авораӣ дар анвоъи гуногуни шеър асарҳо офаридааст; махсусан, ғазалро неку месуруд ва девонаш ҳазор байт (баъзеҳо 10 ҳазор байт гуфтаанд) меомад. Сипеҳрии 3авораӣ инчунин донишманд ҳам буда, илмҳои нуҷуму риёзиётро хуб медонистааст. Дар масоили назарии тасаввуф маснавие таълиф карда буд,

Эзоҳ вироиш

  1. سپهری زواره ای. rasekhoon.net. 23 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Сипеҳрии Завораӣ / А. Абдуллоев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).