Сироҷиддини Эмомалӣ
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Сироҷиддини Эмомалӣ (5 марти соли 1975, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб) — доктори илмҳои филология, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
| |
Таърихи таваллуд | 5 март 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ | Ноҳияи Ҳамадонӣ , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2016), Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020) |
Зиндагинома
вироишСироҷиддини Эмомалӣ соли 1996 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2001 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Аз таърихи эҷоди романи „Восеъ“ — и Сотим Улуғзода» соли 2002 ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Таҷассуми бадеии таърих дар насри сотим Улуғзода (солҳои 60-80-уми аср XX) Бойгонӣ шудааст 22 Декабри 2021 сол.» соли 2019 дифоъ намудааст.[1]
Фаъолият
вироишМуаллифи китобҳои «Нақши Восеъ дар адабиёти бадеӣ» (2001), «Аз таърихи эҷоди романи „Восеъ“-и Сотим Улуғзода» (2003), «Восеънома» (2003), «Сотим Улуғзода ва тасвири шӯриши Восеъ дар адабиёти тоҷик» (2007), «Таърихи эҷоди қиссаи „Ривояти суғдӣ“ — и Сотим Улуғзода» (2011), «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» (2012), «Андеша ва маҳорати адабӣ» (2012), «Тасвири муҳити хонавода ва манзараи табиат дар насри Сотим Улуғзода» (2015) «Ошёни суханшиносон» (2016) «Ганҷинаи мулки сухан» (2018), «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ» (2018 аз ҷониби ЭКО дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шудааст), «Таҷассуми бадеии таърих дар насри Сотим Улуғзода» (солҳои 60-80-уми асри ХХ) (2020), «Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои филологӣ» (2020), «Назарияи адабиёт» (бо ҳаммуаллифии профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ) (2020), «Арзишҳои миллӣ дар насри бадеии Сотим Улуғзода» (2021), «Восеънома» (2022), «Таълифоти адабиётшиносии Сотим Улуғзода дар «Намунаҳои адабиёти тоҷик»» (2022), «Эмомалӣ Раҳмон ва арзишҳои миллию умумибашарӣ» (2022) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад.
Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2001—2005 ҷонишини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия; солҳои 2005—2009 ҷонишини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим; солҳои 2008—2013 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ; аз 21.10.2013 то 06.06.2014 директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ; аз 07.06.2014 то 30.12.2014 сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 02.01. 2015 то 26.03.2016 сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 26.03.2016 декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.[2]
Дастовардҳо
вироишДар соли 2007 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника», соли 2010 барои хидматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2016 барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳангу маориф бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва соли 2020 барои фаъолияти самарабахши меҳнатӣ бо «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
қадрдонӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Язык романа «Восе» Сотима Улугзода | Сироджиддини Эмомали
- ↑ Роҳбарияти факултаи филологияи ДМТ(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Пайвандҳо
вироиш- Сироҷиддини Эмомалӣ Бойгонӣ шудааст 20 сентябри 2020 сол.
- Роҳбарияти факултаи филологияи ДМТ(пайванди дастнорас)