Сироҷуддин Алихони Орзу
Сироҷуддин Алихони Орзу (форсӣ: سراجالدین علی خان آرزو; 1688, Агра — 26 январ 1756, Лакҳнав[1]) — шоир, фарҳангнавис ва донишманди форсизабони Ҳиндустон.
Таърихи таваллуд: | 1688 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 январ 1756 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, файласуф |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишОрзу дар дарбор соҳиби мансаби калон ва пуштибони шоирон будааст. Дар Деҳлӣ ва Лакҳнав зистааст. Навиштаҳои ӯ умдатан ба забони форсӣ буд аммо 127 рубоӣ ба забони урду ҳам нигоштааст.
Баёзи Орзу «Сироҷу-л-луғот» аз ашъори шоирони классикии форс-тоҷик ба ҳам омадааст. Ба асарҳои Саъдӣ, Низомӣ ва дигар шарҳ навиштааст. Дар луғати тартибдодаи Орзу «Ғароибу-л-луғот» ибораҳои фразеологӣ ва баъзе калимаҳои урду ба забони форсӣ шарҳ ёфтаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Орзу Сироҷуддин Алихон // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).