Системаи шошаю таносул
Системаи шошаю таносул (Systema urogenitale) — мувофиқи инкишоф, ҷойгирӣ ва вазифа бо ҳам сахт алоқаманд мебошанд.

Узвҳои шошаВироиш
Узвҳои шоша (гурда) пешоб ҷудо мекунанд, узвҳои дигар (ҷомҳои хурд ва калони гурда, ҳавзаки гурда, пешоброҳа) онро дар пешобдон ғун карда, сипас бо наи пешоброн аз организм ихроҷ мекунанд.
Узвҳои таносулВироиш
1. пешобдон 2. устухони шармгоҳ 3. нара 4. танаи нара 5. сараки нара 6. ғилофа 7. сӯрохии берунии пешоброҳа 8. рӯдаи канорӣ 9. рӯдаи рост 10. манидон 11. маҷрои манигузар 12. ғадуди простата 13. ғадуди пиёзӣ-мизроҳӣ 14. маъқад 15. маҷрои манӣ 16. зоиди хоя 17. хоя 18. хоядон
Узвҳои таносули мардона ва занона вобаста ба ҷойгирӣ берунӣ ва дарунӣ мешаванд; вазифаи онҳо идомаи насл аст. Хоя бо зоидҳояш, маҷрои манирон, ғадуди простата ва ғадудҳои булбоуретравӣ (мансуб ба пиёзаки пешоброҳа) ба узвҳои дарунӣ, нара ва хоядон ба узвҳои берунии таносули мардон мансубанд. Узвҳои дарунии таносули занон аз тухмдон, найчаҳои бачадон, бачадон, маҳбал ва даромадгоҳи маҳбал, узвҳои берунии таносу аз лабҳои калону хурди фарҷ ва клитор иборат мебошанд.
Ҳамчунин нигаредВироиш
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Донишномаи мухтассари тиб