Узвҳои пешоб
Узвҳои пешоб — силсилаи узвҳое, ки дар кори ҳосил ва аз организм хориҷ кардани шоша иштирок мекунанд.
Физиология
вироишУзвҳои пешоб дар одам аз гурдаҳо, пешоброҳа, пешобдон ва найи пешоброн иборат аст.
Гурда
вироишГурда – узви ҷуфт буда, шакли лӯбиёмонанд ва сатҳи ҳамвору ҷигариранг дорад. Вазни ҳар гурдаи одами калонсол аз 120 то 200 г, дарозиаш 10 – 12 см, бараш 5 – 6 см, ғафсиаш 3 – 4 см аст. Гурдаҳо дар камари одам дар ду тарафи сутунмуҳра қарор гирифтаанд. Онҳоро аз ҳар тараф насҷи чарб ва баргакҳои бофтаи пайвандӣ иҳота мекунанд.
Ҳар як гурда тарафи боло ва поён, канори берунии барҷаста ва дарунии фурӯхамида, сатҳи пешу ақиб дорад. Гурда дар миёнҷои канори дарунӣ чуқури (дарвоза)-е дорад, ки ба ҷавфи хурде синус мегузарад. Дар инҷо артерияҳо ва венаи калон, рагҳои лимфа, торҳои асаб, инчунин ташкилаи ковоки деворааш тунук – ҳавзаку ҷомҳои гурда воқеанд, ки дар онҳо шошаи дар гурда ҳосилшуда ҷамъ мешавад. Тамоми ковокии синус бо бофтаи чарб пур шудааст. Сатҳи берунии гурдаро капсулаи суфтаи бофтаи пайвандӣ пӯшондааст, ки ба тарафи синус тоб хӯрда, бо насҷи чарбии рагҳо ва ҳавзаки гурдаро иҳотакарда мепайвандад. Артерия, вена ва пешоброҳаи аз ҳавзак баромада, ба ном поячаи гурдаро ҳосил мекунанд.
Дар буриши гурда ду қабат намоён аст: қабати берунии сиёҳтоб, ки онро қабати қишрӣ меноманд ва қабати дарунии мағзӣ, ки аҳромак (ташкилаи махрутшакли нисбатан сафед) ном дорад. Қабати қишрӣ асоси аҳромакро пӯшонда, фазои байни онҳоро пур ва ба ном поячаи гурдаро ҳосил мекунад. Нӯги аҳромакҳо ба тарафи синуси гурда нигаронда шуда, чун пистонак мудавваранд ва гӯё ки ба ҳавзакҳои онҳоро фарогирифта фурӯ рафтаанд. Дар нӯги аҳромак найчаҳои майдаи сӯрохдоре мавҷуданд, ки аз онҳо ба ҷомҳо пешоб мерезад. Ҷомҳо ҳар кадом алоҳида ё 2 – 3 ҷом як шуда бевосита ба ҳавзак ё шохаи он роҳ доранд.
Гурдаҳо маҷмӯи ташкилаҳои сохташон якхела – нефронҳо мебошанд, ки ҳар кадом чун воҳиди ҷудогона амал мекунанд. Нефрон аз ду қисм – ҳалқаи мӯрагӣ бо артериола (калобача)-ҳои оварандаю баранда ва найчаҳои бароранда иборат аст. Миқдори нефронҳо дар ҳар ду гурда ба 2 – 2,5 млн мерасад.
Таълимот дар хусуси ҳосил шудани пешоб дар давоми солҳои тӯлонӣ инкишоф ёфта, боиси баҳси зиёде гардид. Аксари мутахассисону муҳаққиқони муосир тарафдори назарияи полоиш-ҷаббиши дубора -тарашшӯҳ мебошанд. Мувофиқи ин назария ҳосилшавии пешоб аз ҷараёни полоиши моеот аз хун тавассути мурагҳои калобачаҳо ибтидо мегирад. Дар ҳар ду гурда дар давоми як дақиқа тавассути мӯрагҳои калобачаҳо аз хун қариб 120 мл моеъ полоиш меёбад, ки плазмаи ултрафилтрати бесафедаи хун «пешоби аввалин» аст. Полудаи калобача аз маҷмӯи найчаҳо гузашта хеле дигаргун мешавад. Об, электролитҳо, глюкоза дар найчаҳо аз нав ба хун ҷаббида (реабсорбсия) мешаванд ва ба таркиби полуда моддаҳое мегузаранд, ки онҳоро ҳуҷайраҳои найчавӣ аз хун ҷудо кардаанд. Ва ниҳоят гурдаҳо моеъе ҷудо мекунанд, ки дар он моддаҳои аз организм бароянда ҷамъ шудаанд («пешоби охирин»).
Полоише, ки дар калобача мегузарад, зери фишори хуни мӯйраг ба амал меояд, бинобар ин вобаста ба фишори артерия ҳаҷми полудаи калобача кам ё зиёд мешавад. Ҳангоми аз 70 мм сутуни симобӣ паст будани фишори артерия пешоб қатъ мегардад. Миқдори полоиши калобача низ ба гардиши хун дар гурда вобаста аст. Агар аз плазмаи хун ҳосил шудани пешоб ба назар гирифта шавад, он гоҳ чигунагии гардиши хун дар гурда аён мегардад, ки он аз дигар узвҳо бо ҳамин фарқ мекунад. Гурдаҳо аз 1% ками вазни баданро ташкил намуда, 20 – 25%-и ҳаҷми дақиқаинаи хунро қабул мекунанд, ки ин аз гардиши хун дар дигар узвҳо қариб 20 маротиба зиёд аст. Кам шудани ҷараёни хун боиси коҳиши пешоб мегардад.
Гурда узви иброзӣ (экскреторӣ) буда, аз организм маҳсулоти мубодилаи нитроген – карбамид, креатинин, кислотаи карбамид ва ғайра, обу намаки барзиёд, инчунин моддаҳои гуногуни бегонаро ҷудо мекунад. Вале ин вазифаи асосии гурда нест. Ба таъбири олими франсавӣ Ж. Амбурже «вазифаи гурдаро фақат ихроҷи пешоб пиндоштан, тамоми кори заводи пӯлодрезӣ маҳз аз ҷудо кардани дажғол иборат аст гуфтан мебошад». Фаъолияти муҳимми гурда танзими мубодилаи обу электролит аст, ки ба туфайли он муҳимтарин константаҳои организм – ҳаҷм ва фишори осмосии хуну моеъҳои бадан нигоҳ дошта мешаванд. Ин ҳодиса зери таъсири ду гормон – алдостероне, ки қишри ғадудҳои болои гурда ҷудо мекунад ва гормони зиддидиурезии ҳиссаи интиҳоии гипофиз (гормоне, ки ҳосилшавии пешобро бозмедорад) мебошад. Алдостерон тавассути ферментҳои махсус ҷаббиши дубораи натрийро дар найчаҳо тақвият дода, боиси баланд шудани фишори осмосии моеъҳои бадан мегардад. Пас аз он таассури рефлексии осморетсепторҳои бофтаҳо шурӯъ мешавад; тарашшӯҳи гормони зиддидиурезӣ афзуда, дар найчаҳо ҷаббиши дубораи обро зиёд мекунад ва боиси мувозанати осмосӣ мегардад.
Гурда танзимкунандаи асосии мувозанати ишқору кислота дар организм мебошад. Вай ионҳои гидроген ва аммиак ҳосил карда, радикалҳи турши пайвастҳои гуногуни химиявии моеъи найчаҳоро бетаъсир мегардонад. Ин ба нигоҳ доштани моддаҳои ишқорӣ дар организм ва дур шудани радикалҳои турш ёрӣ мерасонад.
Ихтилоли кори гурда маънои онро дорад, ки вай қобилияти мувофиқи эҳтиёҷоти организм тағйир додани ҳаҷм, ғилзат ва таркиби пешобро гум кардааст. Ин боиси ихтилоли вазнини мубодилаи обу намак ва мувозанати асосу кислота, минбаъд боздоштани маҳсули мубодилаи нитроген мегардад.
Пешоброҳа
вироишПешоби «охирин» ба ҳавзаки гурда гузашта, сипас аз пешоброҳа кам - кам ба пешобдон меравад. Пешоброҳа узви найчашакл буда, деворааш аз чанд қабат нахҳои мушакҳои суфтаи сершоха иборат аст. Мувофиқи меъёр қутри сӯрохии пешоброҳа агар дарозиаш тақрибан 30 см бошад, ба 2 – 4 мм баробар аст. Пешоброҳа ба коси хурд фуромада каме каҷ мешавад, сипас ба пешобдон мегузарад. Дар ҷои резиш (даҳана) бандчаи зичи нахҳои мушак (ҳалқамушак) мавҷуданд, ки ба гузаштани шоша аз пешобдон ба пешоброҳа имкон намедиҳанд.
Пешобдон
вироишПешобдон узви ковоки шаклаш мудаввар (гунҷоишаш то 400 мл) аст, ки дар коси хурд, дар пушти банди зиҳор, ҷойгир мебошад. Он қаър, тана ва нӯг дорад. Массаи асосии девораи онро қабати мушакии боқувват ташкил медиҳад: кашишхӯрии мушакҳо боиси холӣ шудани пешобдон мегардад.
Наи пешоброн
вироишНаи пешоброн узви найчашакл буда, аз он пешоб дар вақти пешобронӣ аз пешобдон ихроҷ мешавад. Аз найчаи пешоброни мард ғайр аз пешоб мании аз наи манирон ба он воридшуда низ ихроҷ мешавад.
Пешобронии ихтиёрӣ
вироишПешобронии ихтиёрӣ ҷараёни мураккаб буда, бо иштироки қисмҳои гуногуни асабия амалӣ мегардад. Агар пешобдон беш аз 150 мл пешоб дошта бошад, хоҳиши пешоб кардан ва ҳангоми 350 – 400 мл будани шоша, хоҳиши сахти пешоб кардан пайдо мешавад. Одам дар шароити мӯътадил ва вобаста ба миқдори моеъи нӯшидааш дар муддати як шаборӯз 4 – 6 маротиба пешоб мекунад. Дар аснои аз ҳад зиёд истеъмол намудани моеъ одам зуд-зуд пешоб карда, дар мавридҳои хурдани хӯроки хушк ё серарақӣ пешобронӣ камтар мешавад.
Ташхиси бемориҳои узвҳои пешоб
вироишБарои ташхиси бемориҳои узвҳои пешоб аз усулҳои таҳқиқ бо асбобу таҷҳизот васеъ истифода мебаранд. Ба ёрии асбобҳои оптикӣ бемории гурда, пешоброҳа, пешобдон (систоскопия) ва наи пешоброн (уретроскопия)-ро ташхис мекунанд. Вобаста ба мақсади таҳқиқ систоскопҳои гуногун (муоинавӣ, катетерӣ, ҷарроҳӣ)-ро кор мефармоянд. Ҳангоми систоскопия (усули муоинаи даруни пешобдон бо ёрии систоскоп) майда кардани санги ҷавфи пешобдон, барои тадқиқ зери микроскоп (биопсия) гирифтани порчаи девораи пешоброн ва диг. тадбирҳои табобатӣ ва ташхисӣ имкон дорад. Усули хромосистоскопия (муоинаи тарашшӯҳи моддаи рангини ба хун гузаронида аз даҳанаи пешоброҳа ба пешобдон)-ро истифода бурда, кори гурда ва қобилияти интиқолии пешоброҳаро муайян кардан мумкин аст. Катетерони (усули тадқиқ тавассути найчаи резинӣ ё филизи)-и пешоброҳа ва гурдаро барои ташхиси омос, санги пешоброҳа, ҳавзаки гурда, инчунин бо мақсади муолиҷа барои барқарор кардани ҷараёни пешоб аз гурда ҳангоми халаи гурда ва дар сурати тангшавии пешоброҳа васеъ кардани он истифода мебаранд.
Дар ташхиси бемориҳои узвҳои пешоб таҳқиқи рентгенологӣ, махсусан истифодаи моддаҳои контрастӣ мавқеи муҳим дорад. Дар мавриди зуд-зуд рӯй додан ва вазнин гузаштани бемориҳои узвҳои пешоб (мавҷудияти санг, омос, сили гурда, омоси пешобдон ва ғадуди простата, танг шудани наи пешоброн ва ғайра) чунин тадқиқ имкон медиҳад, ки як қатор аломатҳои асосии беморӣ муайян карда шаванд. Барои гирифтани акси роҳи пешоб моддаҳоеро, ки дар таркибашон йод доранд, истифода бурда, онҳоро ба даруни вена ё бевосита ба роҳи пешоб мегузаронанд. Агар табиати бемориро бо усулҳои муқаррарии рентгенологӣ муайян карда натавонанд, усули ангиографияи гурдаро ба кор мебаранд, яъне моддаи контрастиро бевосита ба рагҳо (вена, артерияи гурда) мегузаронанд. Чунин тадқиқ имкон медиҳад, ки ҳолати рагҳои гурда, кори он муайян карда шавад. Солҳои охир аз усулҳои таҳқиқи радиоизотопии роҳҳои шоша истифода мебаранд, ки ин беморро дар азоб намемонад.
Бемориҳои узвҳои пешоб
вироишИлтиҳоби узвҳои пешоб, аз ҷумла газаки гурда (ниг. Нефрит), газаки гурдаю ҳавзаки он (ниг. Пиелонефрит), пешобдон (ниг. Систит) ва наи пешоброн (ниг. Уретрит) бештар маъмуланд. Мардон асосан ба газаки наи пешобдон, занон ба газаки пешобдон ва гурда гирифтор мешаванд.
Аз ҳад зиёд монда шудан, сармозанӣ, лоғарӣ, суст гаштани неруи муҳофизи организм, витаминкоҳӣ, бемориҳои узвҳои шошабарор ва таносул омилҳои зарароваре мебошанд, ки ба инкишофи газаки гурда ва ҳавзаки он мусоидат мекунанд.
Бемориҳои модарзодии узвҳои пешоб бо талафи ҷузъии кори гурда ва иллати музмини фаъолияти он ҷараён гирифта, газакро нигоҳ медоранд ва, одатан, онҳоро бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд.
Бемориҳои узвҳои пешоб аксар вақт дардовар буда, дард бештар дар ҷои узви иллатёфта – гурда, пешоброҳа, пешобдон, наи пешоброн, ғадуди простата ва узвҳои берунии ҷинсӣ ҳис мешавад. Дарди сахт мавриди баҳс барои хусусияти беморӣ нест, балки он расондани ёрии фаврӣ ва даъват кардани духтурро тақозо мекунад. Ин дар навбати аввал ба дардҳои шадиди хурӯҷкунанда дохл дорад. Беморони дардашон сабук ба ёрии фаврӣ кам муроҷиат мекунанд, агарчи бемории онҳо нисбат ба шахсони дардашон шадид вазнинтар бошад ҳам. Бемороне, ки гурдаашон хуруҷвор сахт дард мекунад, яъне халаи гурда доранд, бояд бетаъхир ёрии тиббиро даъват кунанд.
Дар ҳар маврид сабаби беморӣ ва хусусияти онро муайян кардан зарур аст. Бинобар ин, беморро ба назди духтур фиристодан лозим, зеро ки дард баъзан пайдоиши оризаи ногувори бемориро нишон медиҳад. Бисёр бемориҳои узвҳои пешоб метавонанд муддати дароз беасар гузаранд. Баъзе амрози гурда ва иллати артерияҳои асосии он аксар вақт танҳо бо гипертензия (фишори баланди артерия) зоҳир мешаванд.
Ҳангоми пиелонефрит, паранефрит (илтиҳоби насҷи атрофи гурда) ва санги гурда дард бештар бо ҳарорати баланд гузашта, сабаби он сирояти микроорганизмҳои касалиовар аст.
Аксар вақт дар аснои бемориҳои узвҳои пешоб дар пешоб хун пайдо мешавад (гематурия). Ин хавфнок ва баъзан аввалин нишонаи бемориҳои вазнин аст. Пайдо шудани хун дар пешоби занон мумкин аст бо тарашшӯҳи хун аз узвҳои ҷинсӣ вобаста бошад; дар ин маврид пешобро барои таҳқиқ бо катетер бояд гирифт.
Баъзан дору, моддаҳои таркиби ғизо, инчунин маҳсулоти дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо ҳосилшуда ранги пешобро тағйир дода, ба хунолуд шудани он гумонбар мекунанд. Инҳо доруҳоеанд, ки кислотаи салитсилат ё амидопирин доранд, чой бо барги сано ва ғайра Зуҳуроти бемории ғадуди простата, пешобдон ва наи пешоброн мумкин аст хиҳиши зуд-зуд пешоб кардан, сӯзиш ҳангоми пешобронӣ, қабзи пешоб бошад. Дар чунин мавридҳо сари вақт ба духтур муроҷиат намудан зарур аст; худмуолиҷа мумкин аст боиси боди ногувор гардад.
Дар мамлакати мо системаи табобати комплексии шахсони гирифтори бемориҳои узвҳои пешоб ташкил шудааст. Дар беморхонаҳо шуъбаҳои махсусгардонида, инчунин марказҳои урологӣ кушода шудаанд. Барои ноил гаштан ба натиҷаи хуби табобат қатъӣ риоя кардани парҳезу тартиби тавсиякардаи духтур муҳим аст.
Табобат
вироишҲангоми бисёр бемориҳои узвҳои пешоб табобат дар санаторияю курортҳо тавсия шудааст. Иқлим, парҳез, таъсироти балнеологӣ, санаторию курортӣ ва махсус ба организм омилҳои асосии табобатанд. Ин навъи табобат дар аснои бемориҳои илтиҳобии узвҳои шошаю таносул, дарди санги гурда, умедворӣ аз афтидани санг, тайёрӣ ба ҷарроҳӣ ва дар давраи баъди он, инчунин ҳангоми сили узвҳои шошаю таносул, дар марҳалаи аввали иллати фаъолияти гурда бештар истифода мешавад. Дар давраи шадид ҷараён гирифтани газак, зарурати ҳатмии ҷарроҳӣ ва ҳангоми омосҳои бадфарҷом табобат дар санаторияю курортҳо норавост.
Обутоби организм, инчунин пешгирии бемориҳои шадиди роҳи нафас, тонзиллит, гайморит ва ғайра тадбири пешгирии бемориҳои узвҳои пешоб мебошанд. Диспансеронӣ барои сари вақт ошкор ва табобат кардани бемориҳои узвҳои пешоб аҳамияти калон дорад. Он муоинаи оммавии аҳолӣ, назорати диспансерӣ, табобати бемориҳои музмини узвҳои пешоб ва ғайраро дар бар мегирад.
Шахсоне, ки барои назорати диспансерӣ ба назди мутахассис фиристода мешаванд, бояд бо худ дар бораи таҳқиқи хун, пешоб ва фишори артериявӣ маълумот дошта бошанд. Ғадуди простатаи ҳамаи мардони аз 50-сола болоро муоина мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки шахсони ба омос ва аденомаи ғадуди простата гумонбар дар марҳалаи аввал ошкор карда шаванд. Назорати диспансерии шахсони гирифтори бемориҳои музмини узвҳои пешоб бо мақсади табобат ва пешгирии оризаҳои ногувор, мувофиқи вазъи саломатӣ бо кор таъмин намудан гузаронида мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Донишномаи мухтассари тиб