Ситора (деҳа, н. Ҳисор)
Ситора (собиқ Қизил Юлдуз) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор. Аз Ситора то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 10 км. Аҳолиаш 3508 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Навобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Қизил Юлдуз |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3508 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Ҷуғрофиё
вироишСитора дар самти шимолу ғарби деҳоти Навобод, қисми шимоли деҳаи Навобод, тарафи ҷануби деҳаи Кӯҳон ва қисми шарқии деҳаи Ғуриёт ҷойгир буда, аз маркази ҷамоат 5 км ва аз маркази ноҳия 12 км дур воқеъ гардидааст[2].
Аҳолӣ
вироишДар Ситора 482 хоҷагӣ ва 3260 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Ситора мактаби № 43 мавҷуд аст, ки 34 нафар муаллиму 690 талаба дорад, бунгоҳи тиббӣ ва 5 масҷиди панҷвақта ва 36 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ амал мекунанд. Дар қисми шимоли Ситора замини лалмӣ низ ҳаст, мардум ба ҷуз зироаткориву боғдорӣ чорвопарварӣ ҳам мекунанд. Аҳли деҳа дар ангурпарварӣ маъруфанд[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 517