Ғуриёт
Ғуриёт — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор. Аз Ғуриёт то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 9 км. Аҳолиаш 4768 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Навобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 4768 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Бо деҳаҳои Лолагӣ, Мавлонҷар, Ҳуҷум, Шопур, Навобод ва Ситора ҳамсоя мебошад.
Ном
вироишПеромуни маънии номи деҳа ақидаҳо зиёданд, вале аксарият ба давлати Ғуриён (асри Х11) пайваст будани ин вожаро тарафдорӣ мекунанд. Ғуриёт 575 хоҷагию 4440 нафар аҳолиро дар бар мегирад.
Иқтисод
вироишДар Ғуриёт ду масҷиди панҷвақта ва 67 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, замини зиёди лалмӣ мавҷуд аст, мардум асосан ба кишоварзӣ, боғпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар ду тарафи аз ҳам дури Ғуриёт ду масҷиди боҳашамат сохта шудааст. Дар самти ғарбии Ғуриёт корхонаи хиштбарории Тоҷик-Сино Стар амал мекунад. Дар корхона қариб 300 нафар бо кор фаро гирифта шудааст.
Кишоварзӣ
вироишАз байни деҳаи Ғуриёт канали калоне мегузарад, ки заминҳои хоҷагиҳои зиёди ду ҷамоат (Навобод ва Мирзо Ризо)-ро обшор мегардонад. Ин наҳри калон солҳои ҶБВ ба тариқи ҳашар сохта шуда, зиёда аз 15 км дарозӣ дорад, оби он аз дарёи Хонақоҳ аст. Дар ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта дар ҷараёни ин наҳр неругоҳи барқӣ сохта буданд, ки хонаҳои мардуми ҷамоат зимистону тобистон чароғон буд. Дар самти шимолии Ғуриёт дар домани адирҳо канали дигаре низ сохта шудааст, ки нисбатан оби кам дорад[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 217