Сиёҳзахм (форсӣ: سیاه‌زخم‎), сӯхтанӣ, доғӣ (Anthrax[1]; юн.-қад. ἄνθραξ — «ангишт, карбункул») — як навъ бемории шадиди сироятист; мансуб ба гурӯҳи зоонозҳо.

Сиёҳзахм
ИхтисосИнфектология, Домпизишкӣ Edit this on Wikidata
Сиёҳзахм
МКБ-10 A2222.
МКБ-9 022022
OMIM 606410
DiseasesDB 1203
MedlinePlus 001325
eMedicine med/148 
MeSH 68000881

Ангезаи беморӣ

вироиш

Ангезаи сиёҳзахм Bacillus anthracis мебошад. Он дар организми беморон ва ашхоси аз сиёҳзахм фавтида, ҳамчунин ҳайвонот дар шакли нашвӣ (вегетативӣ), дар муҳити беруна бошад, дар шакли спораҳо вуҷуд дорад. Ангезаи сиёҳзахм бактерияи беҳаракат буда, қобилияти ҳосил кардани ғилофа (капсула)-ро дорад; дар андуда (мазок) чун силсила ҷойгир аст.

Бактерияҳои нашвӣ чандон пурбардошт нестанд. Онҳо аз таъсири гармии 60°С баъди 15 дақ., ҳини ҷӯшондан ҳамон лаҳза нобуд мешаванд; дар об пас аз 3 – 4 шаборӯз маҳв мегарданд. Нури офтоб ва моддаҳои гандзудо (дезинфексиявӣ) бактерияҳои сиёҳзахмро дар тӯли чанд дақиқа нобуд мекунанд.

Спораҳои ангезаи сиёҳзахм хеле пурбардошт мебошанд. Онҳо дар об то 10 сол, дар хок то 15 – 20 сол маҳфуз мемонанд. Ба таъсири омилҳои табиӣ ва химиявӣ тоб меоранд; аз таъсири ҳавои тафсони хушк (140°С) фақат баъди 3 соат, аз асари маҳлули 5-фоизаи оҳак пас аз 5 рӯз маҳв мегарданд.

Манбаи сирояти ангезаҳо барои одам ҳайвоноти касал – бузу гӯсфанд, гов, асп, хар, уштур, хук мебошанд. Омилҳои интиқоли бактерияҳо – гӯшт, пӯст, пашм, шох, устухон ва ғ. ба шумор мераванд. Одам ба бемории сиёҳзахм асосан дар натиҷаи сарукор доштан бо ашёи аз чорво гирифта (пӯст кандани чорво, пора кардани гӯшт ва ғайра) гирифтор мешавад. Ҳатто дар натиҷаи пӯшидани телпак, пӯстин ва диг. либосҳои аз пӯсти ҳайвони касал тайёркарда низ сироят ёфтан мумкин аст. Дар одамоне, ки ба коркарди пашм машғуланд, ангезаҳо метавонанд ба тавассути чангу гард сироят намоянд. Кӯрмагас ва хомӯшакҳо низ ангезаҳои сиёҳзахмро паҳн мекунанд (дар натиҷаи газидани онҳо ангезандаи беморӣ ба хун мегузарад).

Гуногунӣ

вироиш

Сиёҳзахм вобаста ба тарзи ворид гаштани ангеза ба организм гуногун мешавад, масиёҳзахм, сӯхтании пӯст, сӯхтании рӯда, сӯхтании шуш ва ғ.

Ангезаҳои маризӣ бисёр вақт ба воситаи пӯст сироят мекунанд. Онҳо, одатан, ба пӯсти даст (тақр. 50%) ва сар (25 – 30%), гоҳо бадан (3 – 8%) ва пой (1 – 2%) дохил мешаванд. Бештар ҷойҳои кушодаи пӯст осеб меёбад.

Дар ҷое, ки ангезаи беморӣ ворид шудааст, бинобар илтиҳоб ҳафтпӯст (карбункул)-и сиёҳзахм ба вуҷуд меояд. Гоҳо дар натиҷаи суст шудани қувваи муҳофизии организм ва коҳиши масуният ангезаҳо аз гиреҳҳои лимфавӣ ба маҷрои умумии хун мегузаранд. Ҳамин тавр, батадриҷ манбаъҳои дуюмини ҳеморравӣ – некрозӣ инкишоф меёбанд.

Дар мавриди сиёҳзахми рӯда ҷои даромадгоҳи ангезаҳо роҳи болои узвҳои ҳозима – даҳон, гулӯ ва сурхрӯда мебошад. Сипас онҳо ба воситаи хун ба рӯда мегузаранд.

Зимни сиёҳзахми шуш спораҳои ангезаи сиёҳзахм, ки ба роҳи нафас афтодаанд, дар шуш намесабзанд. Онҳоро макрофагҳо дошта ба тавассути ҷараёни лимфа ба уқдаҳои лимфавии трахеяву бронхҳо мебаранд. Дар он ҷо спораҳо андаруни фагоситҳо инкишоф меёбанд, минбаъд ба маҷрои хун гузашта, боиси паҳн шудани сироят мегарданд.

Давомоти давраи ниҳонии сиёҳзахм аз чанд соат то 14 рӯз аст. Беморӣ метавонад дар шакли ҷузъӣ (пӯст) ва мунташир (уфунӣ) падид ояд.

Сиёҳзахми пӯст 98 – 99-фоизи бемории мазкурро ташкил медиҳад. Хели нисбатан маъмули он сиёҳзахми ҳафтпӯстӣ аст. Гоҳо тарзҳои эдематозӣ, буллёзӣ ва эризипелоидии сӯхтании пӯст низ дучор меоянд. Бештар қисмҳои кушодаи бадан иллат меёбанд. Беморӣ хусусан ҳангоми дар сар, гардан ва луобпардаи даҳону бинӣ баромадани ҳафтпӯст вазнин аст. Ҳафтпӯст, одатан, як ва гоҳо 10 – 20 адад пайдо мешавад. Дар ҷои даромадаи ангезаҳо пайдарпай доғ, папула, везикула, захм (яра) инкишоф меёбанд. Диаметри доғ 1 – 3 мм буда, сурхи кабудтоб ва бедард аст (ба ҷои газидаи ҳашарот мемонад). Баъди чанд соат доғ ба папулаи рангаш сурхи мисгун табдил меёбад, хоришу сӯзиш мекунад. Папула пас аз 12 – 24 соат ба обилачаи диаметраш 2 – 3 мм бадал мешавад, ки андарунаш пур аз зардоб аст ва оҳиста-оҳиста сиёҳтоб, хунранг мегардад. Обилача дар натиҷаи шона кардани мӯй ё худ аз худ мекафад, дар ҷои он яраи қаъраш ҷигарии сиёҳтоб пайдо мешавад. Дар атрофи яра везикулаҳои дуюмин («духтарӣ») ба вуҷуд меоянд. Онҳо низ ба мисли везикулаи аввалӣ инкишоф меёбанд, ба ҳамдигар омехта гашта, калон мешаванд.

Баъди як шаборӯз диаметри яра ба 8 – 15 мм мерасад. Дар натиҷаи некроз қисми марказии яра пас аз 1 – 2 ҳафта ба карахши сиёҳи бедард табдил меёбад. Атрофи карахш илтиҳоб пайдо карда сурх мешавад. Дар рӯй (бинӣ, лаб, рухсора) пайдо гаштани ҳафтпӯст хавфи калон дорад, зеро варам мумкин аст ба роҳи болои нафас паҳн шуда, боиси нафастангӣ ва марг гардад. Ҳафтпӯст дар мавзеи некроз бедард аст ва ҳатто осори сӯзанхалӣ эҳсос карда намешавад (ин барои ташхиси тафриқии маризӣ аҳамияти калон дорад).

Сиёҳзахми эдематозии пӯст бидуни пайдоиши ҳафтпӯст падид меояд. Дар охирҳои давраи маризӣ некроз ва сипас ҳафтпӯсти калоне пайдо мешавад.

Ҳини сиёҳзахми буллёзии пӯст дар ҷои даромадаи ангезаҳо обилачаҳои хунобадор ба вуҷуд меоянд. Пас аз кафидани обилачаҳо яраҳои калон-калон пайдо мешаванд, ки ба ҳафтпӯст мемонанд.

Сиёҳзахми эризипелоидии пӯст аз миқдори зиёди обилачаҳои луобашон шаффоф иборат аст. Баъди кафидан, дар ҷои онҳо яра боқӣ монда, тадриҷан ба карахш табдил меёбад. Дар сурати сабук будани маризӣ ҳарорати бадани бемор мӯътадил ё вараҷадор (субфебрилӣ) аст. Дар ҷои захмҳои шифоёфта изи ба чашм аён боқӣ мемонад. Анҷоми маризӣ нек аст. Дар вақти миёна ва вазнин будани ҷараёни беморӣ мариз сусту беҳол шуда, сар дард мекунад. Охири рӯзи дуюм ҳарорат то 39 – 40°С баланд шуданаш мумкин аст; фаъолияти силсилаи дилу рагҳо халал меёбад, уфунат (сепсис)-и сиёҳзахм пайдо мешавад, ки бадфарҷом аст.

Тарзи уфунии сиёҳзахм кам дучор меояд. Вай, одатан, дар натиҷаи сирояти ҳавоӣ ва ғизоии ангезаҳо сар мезанад. Беморӣ ногаҳон бо таб (39 – 40°С) ва табларза оғоз меёбад (тахикардия, тахипное, дамкӯтаҳӣ пайдо мешаванд). Сандуқи сина фишор мехӯрад, мариз сурфида балғами хунолуд мепартояд. Бисёр вақт варами хунрези шуш ба назар мерасад, дар таркиби хуну балғам ба миқдори зиёд бактерияҳои сӯхтанӣ мушоҳида мешаванд. Дар баъзе аз беморон дарди сихзанандаи шикам ба назар мерасад; ҳамзамон бо чунин дард дилбеҳузурӣ, хунпартоӣ, исҳоли хунолуд низ рух менамоянд. Садамаи сироятию заҳрӣ, варами мағзи сар, хуншории меъдаву рӯда ва перитонит мумкин аст ҳанӯз рӯзҳои аввали беморӣ сабаби фавти мариз гарданд.

Фарҷоми беморӣ ҳини сиёҳзахми пӯст, одатан, хуб аст. Вале оқибати тарзи уфунии сиёҳзахм ҷиддӣ мебошад.

Сиёҳзахмро дар асоси маълумоти эпидемиологӣ ва лабораторӣ ташхис менамоянд. Ташхиси лабораторӣ аз усулҳои бактериоскопӣ ва бактериологӣ иборат аст. Бо мақсади ташхиси бармаҳал гоҳо аз усули иммунофлюорессентӣ истифода мекунанд. Ташхиси аллергологии сиёҳзахм низ корбаст мешавад. Бо ин мақсад ба даруни пӯст антраксин мефиристанд, ки рӯзи 5-уми беморӣ натиҷаи мусбат медиҳад.

Маводро барои таҳқиқи лабораторӣ аз везикулаҳо ва ҳафтпӯст мегиранд. Ҳангоми сиёҳзахми уфунӣ балғам, моддаи қай, наҷосат ва хун таҳқиқ карда мешавад. Дар мавриди кор риояи қоидаҳои санитарӣ ҳатмӣ аст; санҷиш бояд дар лабораторияҳои махсус амалӣ гардад.

Сиёҳзахмро аз пучак ва ҳафтпӯст, тоун, туляремия, саромос, уфунатҳои дигар фарқ кардан лозим. Барои табобати мариз то рафъ гаштани аломатҳои беморӣ (на камтар аз 7 – 8 рӯз) ҳар шаборӯз 6 – 24 млн Ед пенитсиллин таъйин карда мешавад. Ҳини сиёҳзахми уфунӣ истифодаи сефалоспоринҳо (ҳар шаборӯз 4,0 – 6,0 г), левомитсетини суксинати натрий (3,0 – 4,0 г/шаборӯз), гентамитсин (240 – 320 мг/шаборӯз) мувофиқи мақсад мебошад. Вояи доруҳо ва корбасти якҷояи онҳо вобаста ба дараҷаи вазнинии беморӣ интихоб карда мешавад. Баҳри табобати сиёҳзахм плазма, албумин ва кортикостероидҳоро низ таъйин мекунанд.

Барои пешгирии сиёҳзахм аз касалиҳо эмин доштани чорво аҳамияти калон дорад. Чорвои касалро ҷудо карда, ҷасади онҳоро оташ мезананд; оғилхона, обхӯра ва охурҳоро безарар гардондан ҳатмист.

Одамони бо чорвои касал ё маводи сироятноки он сарукор доштаро дар тӯли 2 ҳафта бояд аз назар гузаронд. Дар сурати аз беморӣ гумон бурдан, онҳо мавриди табобати зиддибактериявӣ қарор дода мешаванд. Моякӯбии одамон ва ҳайвонот бо ваксинаи зиндаи хушк низ хеле муҳим аст.

  1. Куличенко A.H., Буравцева Н.П., Рязанова А.Г., Еременко Е.И. Сибирская язва на Северном Кавказе. — Майкоп: Качество, 2016. — 198 с. — ISBN 978-5-9703-0540-9.

Адабиёт

вироиш
  • Қамардинов Х. Қ., Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000;
  • Камардинов Х. К., Инфекционные болезни человека, Д., 2005;
  • Камардинов Х. К., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.