Ҳафтпӯст, кафгирак, шабушак, карбункул (лот. carbunculus) — газаки шадиду римноки чанд халтачаи мӯй ва ғадудҳои чарбии ҳамшафати он; пӯст ва насҷи зери пӯсти ҷои иллатёфта, одатан, табоҳ мегардад.

Ҳафтпӯст
ИхтисосDermatology, инфектология Edit this on Wikidata
Ҳафтпӯст
МКБ-10 L0202.
МКБ-9 680.9680.9
DiseasesDB 29434
MedlinePlus 000825
eMedicine / 
MeSH D002270

Сабабҳои беморӣ вироиш

Ҳафтпӯст ҳангоми ба маҷрои ғадудҳои чарб ё арақ ворид шудани микробҳои чирковар, инчунин дар аснои ба қабати пӯст (тавассути захми хурд) гузаштани онҳо, фишурдани пучак ва ғайра пайдо мешавад.

Гиповитаминоз, диабети қандӣ, фарбеҳӣ омилҳое мебошанд, ки ба пайдоиши ҳафтпӯст мусоидат мекунанд. Ҳафтпӯст бештар дар натиҷаи соиши пӯст ба либос (масалан, бо миёнбанд, бо гиребони ифлос), дар пушти гардан, миён, сурин, баъзан дар дасту пой ва рӯй инкишоф меёбад.

Аломатҳои беморӣ вироиш

Дар аввал пӯст сахт ва сурх шуда, дард мекунад; минбаъд ин нишонаҳо меафзоянд. Беҳолӣ, дарди сар рух дода, ҳарорати бадан баланд мешавад. Пӯст сурх шуда, дар миёнаи ҷои илатӣ «сарак»-и римнок ба вуҷуд меояд. Маддахона кафида аз он рим мебарояд, пӯсти байни онҳо табоҳ мегардад; ҷои мавтгашта тадриҷан ҷудо шуда меафтад. Саромос, уфунат, тромбофлебит, флегмона боди ногувори ҳафтпӯст мебошанд. Ҳафтпӯсти бинӣ, хусусан лаб, бештар хавфнок аст, зеро рим мумкин пардаи мағзи сарро фаро гирифта, дар натиҷа сарсоми римнок инкишоф ёбад.

Табобат вироиш

Бемориро бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд; ҳангоми зуҳуроти нишонаҳои аввалини он ба духтур муроҷиат бояд кард.

Пешгирии беморӣ вироиш

Барои пешгирии ҳафтпӯст аз пайи тозагии пӯст, сарулибос шуда, пӯстро аз захму харош эҳтиёт кардан лозим, ба захм дарҳол маҳлули безараргардон (йод, зелёнка) молидан зарур аст.

Ҳамчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

  • Донишномаи мухтасссари тиб