Сиғаи хабарӣ
Сиғаи хабарӣ воқеъ шудан ё нашудан, тасдиқ ё инкор ва ё қайд карда шудани воқеияти (факт) амалро мефаҳмонад. Ба ин сиға шаклҳои шуҳудӣ ва нақлии феълҳои замони гузашта , инчунин баъзе шаклҳои замони ҳозира ва ояндаи феълҳо мансубанд:
- Замони гузаштаи наздик (гуфтам,такрор кардам);
- Замони гузаштаи давомдор (гуфта истодам,такрор карда истодам);
- Замони гузаштаи дур (гуфта будам,такрор карда будам);
- Замони гузаштаи дури давомдор (гуфта истода будам, такрор карда истода будам);
- Замони гузаштаи ҳикоягӣ (мегуфтам,такрор мекардам);
- Замони гузаштаи давомдори ҳикоягӣ (гуфта меистодам,такрор карда меистодам);
- Замони гузаштаи нақлӣ (гуфтаам, такрор кардаам);
- Замони гузаштаи нақлии дур (гуфта будаам, такрор карда будаам);
- Замони гузаштаи нақлии ҳикоягӣ (мегуфтаам, такрор мекардаам);
- Замони ҳозираи давомдор (гуфта истодаам, такрор карда истодаам);
- Замони ҳозира-оянда (мегӯям, такрор мекунам);
- Замони ояндаи дур (хоҳам гуфт, такрор хоҳам кард).
Мисолҳо
вироиш- Гулнор чанд гоҳ боз Ёдгорро дӯст медошт ва хаёл мекард,ки дар оянда бо ӯ як зиндагонии дӯстдорона барпо карда, умри худро бо саодат ва шодкомӣ хоҳад гузаронд (Садриддин Айнӣ).
- Асад Махсум аз ҳад гузаронида истодааст (Ҷалол Икромӣ).
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология. - Душанбе: Дониш, 1985. - с.205