Собир Султон (зод. 9 майи 1934, деҳаи Шавкати Поён, ноҳияи Айнӣ) — шоири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС ва Тоҷикистон (1984). Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

Собир Султон

Зиндагинома

вироиш

Собир Султон 9 майи соли 1934 дар оилаи деҳқон дар Шавкати Поёни ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст[1]. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, сипас таҳсилро солҳои 1943—1949 дар мактаби даҳсолаи тоҷикии рақами 15-и шаҳри Самарқанд идома медиҳад. Соли 1949 боз ба зодгоҳаш омада, як сол ба корҳои хоҷагӣ шуғл меварзад. Барои идомаи таҳсил соли 1950 ба шаҳри Душанбе меояд. Бо амри тақдир се сол дар мактаб-интернати давлатии мардонаи рақами 10-и пойхтахт таҳсил менамояд. Дар ин ҷо аз омӯзгорони асилу донишманд сабақ омӯхта, дониши хешро такмилу сайқал медиҳад.

Таҳсили сесола ҳам дар ин ҷо ба сомон мерасаду ӯ бо «Номаи камол» як сол дар мактаби 7-солаи қитъаи ба номи Кирови хоҷагии Максим Горкийи ноҳияи Қӯрғонтеппа ҳамчун мудири қисми илмӣ ва омӯзгор адои хидмат менамояд. Пас соли 1954 ба шаҳри Душанбе омада, ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи олии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко дохил мешавад.

Намунаҳои ашъори шоир тадриҷан дар саҳифаҳои рӯзно-маю маҷаллаҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Советӣ», «Муа-ллимон», «Маориф ва маданият», «Адабиёт ва санъат», «Комсомоли Тоҷикистон», «Садои мардум», «Чархи гардун», «Омӯзгор», «Паёми Душанбе», «Ҷаҳони паём», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», маҷаллаҳои «Чашма», «Машъал», «Фирӯза», «Хорпуштак» ва «Садои Шарқ» то имрӯз мунташир мегарданд.

Корнома

вироиш

Собир Султон пас аз хатми донишгоҳ соли 1958 панҷ сол дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бенуқсон адои хидмат карда, таҷрибаи рӯзноманигории худро такмилу сайқал медиҳад. Соли 1963 ӯро сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии радиои Тоҷикистон, ромишгари тавоно, устоди «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов ба кор даъват менамояд.

Шоир дар давоми 50 соли кориаш дар радиои Тоҷикистон бо оҳангсозони маъруф Шоҳназар Соҳибов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов Амон Ҳамда-мов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Фаттоҳ Одина, Саид Ҳамроев, сарояндагони мумтоз Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Нӯъмон Тоштемиров, Карим Қосимов, Одина Ҳошимов, Ҳусейн Насриддинов, Зафар Нозимов, Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова, Муслима Боқиева Абдул-лои Султон ва амсоли инҳо ҳамкории эҷодӣ менамояд.

иёда аз ҳафтод суруду тарона бар матни ӯ дар «Хазинаи тилоӣ» — и радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. Суруди машҳури «Водии Ҳисор ман», ки матнаш аз Собир Султон ва оҳангаш аз чангнавози мумтоз Турсун Eлмасов аст, қариб 15 ҳофиз меса-рояд. Суруди мазкур аз соли 1961 то имрӯз дар иҷрои ҳунар-мандони асил Барно Исҳоқова, Мастона Эргашева, Саодат Умарова, Асаддуло Атоуллоев, Ҳусейн Насриддинов, Ко-милҷон Ғаниев, Шамсиддин Муҳиддинов ва амсоли инҳо хе-ле машҳур шуда, чун яшти водии Ҳисори зарнисор садо медиҳад. Оҳангсози бомаҳорат Амирбек Мӯсоев 50 сурудро бар матни ин шоири таронасаро аз нав ба адвор гирифта, аз тариқи нашриёти «Адиб» интишор кардааст.

Таълифот

вироиш

Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ «Субҳи умед» соли 1973 ба табъ мерасад. Ва баъдан дигар китобҳояш бо номи «Чӯпонба-ча» (1978, барои бачаҳо), «Таронаи дил» (1983), «Ошёни меҳр» (1986), «Кӯи мурод» (1992), «Паёми хуршед» (2003), «Гулҳои ҳаёт» (2004, барои бачаҳо), «Гулрези ғазал» (2004) ва «Парвози суруд» (2009)дастраси мухлисони шеъру суруд гар-дидаанд.

  1. С ПЕСНЕЙ ПО ЖИЗНИ. «Моей Гиссарской долине» скоро исполнится 60 лет(рус.). НИАТ "Ховар" (17 марти 2018). 4 марти 2024 санҷида шуд.