Арбоби ҳунари Тоҷикистон
«Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон» (ҳоло «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»)- унвони фахриест, ки 28 марти соли 1939 Президиуми Совети олии ҶШС Тоҷикистон таъсис намудааст. Унвон ба режисёрон, дирижёрон, оҳангсозон, меъморон, рассомон, ҳайкалтарошон ва диг. Ходимони санъат барои офаридани асарҳои барҷастаи соҳаи санъат, тарбия ва тайёр кардани кадрҳо барои ҷумҳурӣ ва барои офаридани корҳои илмӣ дар соҳаи санъат дода мешавад. Ашхосе, ки сазовори унвони «Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон» гаштаанд, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома мегирифтанд.[1]
Солҳои 1939—1989 «Ходими хидматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон», Мувофики Укази Президиуми Совети олии ҶШС Тоҷикистон аз 6 январи соли 1989 унвони «Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон» ба «Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон» иваз карда шуд. Минбаъд, солҳои 1991—1996 — «Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон» ном дошт.
Унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон бо фармони Президенти ҶТ январи соли 1997 таъсис ёфтааст. Ин унвони фахрӣ ба коргардонҳо, композиторон, рассомон, меъморон, ҳайкалтарошон ва дигар ходимони санъат барои эҷоди асарҳои барҷаста ва корҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни санъат, тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг дода мешавад.[1]
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"аз 31 июли соли 2001 № 29 доир ба унвон чунин тағйирот ворид карда шудааст: Унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон ба режиссёрон, дирижёрон, бастакорон, рассомон, ҳайкалтарошон, дизайнерон, драманависон ва дигар ходимони санъат барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, барномаҳои консертӣ, барои хидматҳо дар тайёр ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ, офаридани асарҳои илмӣ, дар соҳаи санъат 15 сол ва бештар кор кардаанд ва чун қоида бо ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.[2]
Феҳристи дорандагони унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон вироиш
Дар Тоҷикистон шахсони зерин ба дарёфти унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон ноил гардидаанд.
- 1997: Арутюнян Норайр (ҳайкалтарош), Раҷабмад Амиров (арбоби фарҳангӣ), Муриват Бекназаров (рассом), Анушервон Бекасиён (рассом), Шамсӣ Низомов (коргардони театр), Валимад Одинаев (рассом), Шарифхон Орифов (мутриб, арбоби фарҳангӣ), Юсуфҷон Сангов (рассом),Рамазон Сафаров (рассом), Сербул Григорий (рассом).
- 1998: Раҳматулло Абдураҳмонов (рассом), Раҳмат Ботуралиев (рассом), Иброҳимҷон Ғаниев (собиқадори матбаа), Наримон Каримов (арбоби фарҳангӣ), Акмал Миршакаров (рассом), Просмушкин Евгений (рассом), Қурбон Раҳимов (рассом), Юсуф Саодатов (устоди мусиқӣ), Султон Сафар (драматург), Фоменко Евгений (рассом), Қурчибек Юсуфов (меъмор).
- 1999: Гаврилова Римма (санъатшинос), Заболотников Виктор (рассом), Сафаралӣ Қурбонов (арбоби фарҳангӣ), Музаффар Мансурхоҷаев (реж. филмҳои тасвирӣ), Қодир Раҳимов (арбоби фарҳангӣ, ширинкор), Мизроб Холов (рассом), Муҳиддин Хоҷаев (нависанда), Чалкин Валерий (рассом), Чечетка Виктор (рассом).
- 2000: Заррина Миршакар (оҳангсоз), Зокир Нишонов (оҳангсоз), Саидалӣ Шералиев (арбоби фарҳангӣ).
- 2001: Ҷӯрабой Охунов (оҳангсоз), Юрий Пӯлодов (арбоби фарҳангӣ), Қудратулло Ҳикматов (оҳангсоз).
- 2002: Аллабергенев Ботир (рассом), Бек Наимов (рассом), Анваршо Сайфиддинов (рассом), Аҳмад Юсуфов (рассом).
- 2008: Ҷононбек Асоев (рассом), Амирбеки Мусо (оҳангсоз).
- 2017: Ҳошим Гадо (актёр ва нависанда).
Эзоҳ вироиш
- ↑ 1.0 1.1 Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 3. — Душанбе,2004, с. 311.
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Моддаи 27.