Создаҳанӣ
Создаҳанӣ (форсӣ: سازدهنی), гармоникаи лабӣ (русӣ: Губная гармоника) — сози нафасии мусиқиест иборат аз қуттичаи начандон паҳни дароз бо сӯрохиҳои зиёди қубураки чоккардашуда, ки дар 1 ё 2 қатор ҷойгиранд.
Дар қубуракҳои чоккардашуда забонакҳои филизӣ (аз 6 то 128) сахт карда шудаанд. Навозанда созро бо лабонаш дошта, онро ба тарафи росту чап медавонад ва бо нафас гирифтан ё баровардан, овозҳои ҳархеларо ҳосил мекунад. Сифати (тембри) соз садои гармоникаро ба ёд меорад.
Гармоникаи лабиро соли 1821 устои олмонӣ Ф. Бушман ихтироъ кардааст, ки то ҳол дар Русия ва хориҷ аз он маъмул аст.[1]
-
Гармоникаи лабӣ
-
Гармонетта
-
Мелодика
-
Аккордина
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.94. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)