Соиб Хосир (ар. سائب خاثر‎), Абуҷаъфар Соиб ибни Ясор (ар. أبو جعفر سائب بن يسار‎; дарг. 683) — хонанда, навозанда ва мусиқидони эронитабори араб, муъарифи вазни сақили аввал, аз шогирдони Нашити Форсӣ. Ӯ нахустин касест, ки дар Мадина овози худро бо барбат ҳамроҳӣ кардааст.

Соиб Хосир
Таърихи даргузашт 683
Пеша(ҳо) мусиқидон

Зиндагинома

вироиш

Падараш Бушоъ аз бардагони озодшуда буд. Соиб монанди Нашити Форсӣ аз ғуломони Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар буд. Ӯ бо дастури Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар овози арабиро аз Нашити Форсӣ, ки тоза ба Мадина омада буд омӯхт. Ибтидо овозро бидуни ҳамроҳии соз мехонд ва зарби онро бо чӯбе, ки рӯйи замин менавохт ҳифз мекард. Баъдҳо уд омӯхт ва аввал касе аст, ки дар Мадина уд сохтаву навохтааст[1].

  1. زندگی نامه سائب خاثر(форсӣ). مردان پارس (25 июни 2012). 28 июли 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш