Соинуддин ибни Туркаи Исфаҳонӣ
Соинуддин Алӣ ибни Муҳамммад Туркаи Исфаҳонӣ (форсӣ: صاینالدین علی ابن محمد ترکه اصفهانی; 1368[1] — 1431[1]) — нависанда, шоир, ориф ва муҳаққиқи форс-тоҷик ва аз пайравони мактаби Ибни Арабӣ.
Таърихи таваллуд: | 1368[1] |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1431[1] |
Навъи фаъолият: | occultist, файласуф |
Забони осор: | форсӣ[2] ва арабӣ[2] |
Зиндагинома
вироишХоҷа Абумуҳаммад Соинуддин Алӣ ибни Афзалуддин мутахаллис ба Собир дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ибни Туркаи Исфаҳонӣ аз нависандагони пурмаҳсул аст[3].
Таълифот
вироишБештар аз 40 асари ӯ ба шакли дастнавис дар китобхонаҳои ҷаҳон нигоҳ дошта мешавад, ки машҳуртаринашон инҳоанд: «Муншаот», рисолаҳои «Қобилият», «Нуқта ва ҳарф», «Мабдаъ ва маод», «Атвори салоса», «Асрори салот», «Муқаддима дар истилоҳи сӯфия», «Тасаввуф ва ҳуруф», «Мунозироти хамс» (мунозираҳои ақлу ишқ, ваҳму ақл, ваҳму хаёл, самъу басар, ошиқу маъшуқ) ва ғайра. Фаттоҳии Нишопурӣ дар таълифи маснавии «Ҳусну Дил» аз ин мунозираҳо истифода кардааст[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp01092365 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
- ↑ 2.0 2.1 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Туркаи Хуҷандӣ / С. Асадуллоев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).