Муҳаммадиброҳим Солики Қазвинӣ (форсӣ: محمدابراهیم سالک قزوینی‎; 1612[1] — ?) — шоири форс-тоҷик.

Солики Қазвинӣ

Зиндагинома

вироиш

Солики Қазвинӣ аз мардуми Қазвин буда, дар ҷавонӣ муддате дар Исфаҳон зистааст. Солики Қазвинӣ аз Исфаҳон ба Ҳиндустон сафар карда, бо Абутолиби Калим ва Муҳаммадҷони Қудсӣ, ки аз шоирони номдори он давр буданд, мусоҳиб гардидааст. Сипас ба Эрон баргашт, вале аз сабаби ғорат гардидани молу мулкаш боз ба Ҳиндустон рафт ва сокини Кашмир шуд. Маснавие аз саргузашти пурмоҷарои худ таълиф кардааст. Солики Қазвинӣ дар айёми пиронсолӣ ба зодгоҳаш баргашта, дар Қазвин вафот кардааст. Солики Қазвинӣ шоири хушгуфтор ва рангинбаён буда, аз эҷодиёташ куллиёте мерос мондааст, ки дорои 25000 байт аст.

  1. سالک قزوینی، محمدابراهیم - ویکی‌نور، دانشنامهٔ تخصصی(форсӣ). fa.wikinoor.ir. 20 июни 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Солики Қазвинӣ / А. Ғаффоров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).