Соли Гӯсфанд (Тақвими Мучал) - 21 марти соли 2015 - 21 марти соли 2016.

Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор,
З-он баъд ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакии Самарқандӣ тахминан ҳазору сад сол муқаддам чунин фармудааст:

Бод бар ту мубораку хуншон,
Ҷашни наврӯзу гӯспандкушон.

Дар сангҳои кӯҳҳои Ургут, Оҳалик, Илонсой ва Қайра нақшҳои чаҳорпоёнро, аз ҷумла шикори гӯсфандони кӯҳиро то ҳол дидан мумкин аст. Ҳоқонӣ гуфтааст:

Чун бара, к-ояд ба модар, гӯсфанди чархро,
Сӯйи теғи ҳеч пӯёнда ғиревон дидаанд.

Соли гӯсфанд ба мардум оромӣ мебахшад. Гӯсфанд – рамзи хушфеълӣ, осудагӣ, хушрафторӣ, ростқавлӣ, меҳрубонӣ, дурандешӣ мебошад.

Одамони дар ин мучал таваллудёфта истеъдоди бо санъати нафис кор карданро доранд. Дар назари аввал, нисбат ба дигарон тамоми корҳои онҳо хуб пеш меравад. Вале дар аксар маврид дар роҳи зиндагӣ оҷизанд. Зеро шармгин ва ба рӯҳафтодагӣ моиланд. Қатъӣ нестанд, ҳатто барои мустақилона қароре қабул кардан душвори мекашанд. Одатан онҳо диндор мешаванд. Аз онҳо сарварон ниҳоят кам мебароянд. Онҳо бо суханпардозиҳои худ фарқ намекунанд, вале ба ақидаи худ истодагарӣ мекунанд ва кори худро дӯст медоранд. Аз рӯйи одат ба қадри заруре пул доранд, роҳату фароғат ва лавозимоти зарурии онро қадр менамоянд. Дурандеш, некхоҳ, дорои завқи баланд мебошанд. Бо соҳибони мучали харгӯш, хук ва асп ҳамчун дӯст ё шарики зиндагӣ мувофиқ меоянд. Каму беш бо шахсони мучалашон паланг, моҳӣ, мор, гӯсфанд ситораашон рост меояд.[1]

Ба бхандее