Соммирзои Сафавӣ
Абунаср Соммирзои Сафавӣ (форсӣ: ابوالنصر سام میرزا صفوی; 28 август 1518 — 1567) — шоир, нависанда ва тазкиранигори форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 28 август 1518 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1567 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис, шоир |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар дарбори падараш — шоҳ Исмоили Сафавӣ ва дар ҳалқаи олимону шоирони машщури давр тарбия гирифт. Зиндагӣ ва эҷодиёташ дар Ҳирот ҷараён ёфтааст. Дар маҳбас вафот кард. Девони ғазалиёти Соммирзои Сафавӣ 6000 байтро дар бар мегирад. Соммирзои Сафавӣ дар таърихи адабиёт бо тазкираи «Туҳфаи Сомӣ» шуҳрат дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Соммирзои Сафавӣ / У. Каримов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.