Клуби футзали «Соро компания» (англ.  FC Soro Company) — бошгоҳи футзал аз шаҳри Душанбе аст. Соли 2013 аз ҷониби ҶДММ «Соро Компания» таъсис ёфтааст.

КФ «Соро компания»
Номи пурра Клуби футзали «Соро компания»
Лақаб Соро
Таъсис 2013
Майдон Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ (Душанбе)
Ғунҷоиш 1500 нафар
Президент Парчами Тоҷикистон Тоҷиддин Давлатов
Мураббӣ Парчами Тоҷикистон Пайрав Воҳидов
Капитан Парчами Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров
Сарпараст Парчами Тоҷикистон ҶДММ «Соро Компания»
Мусобиқа Лигаи касбии футзали Тоҷикистон
2022 Қаҳрамони кунунӣ Қаҳрамон
Форма
Либоси
асосӣ
Форма
Либоси
меҳмонӣ

Серҷоизатарин бошгоҳи Тоҷикистон буда, 10-то ҷоми расмӣ, аз ҷумла 4 қаҳрамонии Тоҷикистон, 3-то Ҷоми Тоҷикистон, 3-то Суперҷоми Тоҷикистон дорад.

Таърих вироиш

 
  • Пеш аз баромади аввалинаш дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон даста гоҳ-гоҳ дар мусобиқаҳои гуногуни ҳаваскорон ширкат мекард.
  • Соли 2015 «Соро компания» баромади худро дар чемпионати Тоҷикистон - Серияи «PRO» оғоз карда, ҳамон сол соҳиби медалҳои нуқра гардид.
  • Соли 2018 қаҳрамони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуда, ба чемпионати Осиё миёни бошгоҳҳо роҳхат гирифт. Аз рӯи натиҷагирӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё «Соро компания» ба 10 гонаи беҳтарини дастаҳои Осиё дохил шуд.
  • Соли 2020 бори нахуст дар таърихи худ барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда, инчунин медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзалро ба даст овард.
  • Соли 2021 ба хазинаи дастовардҳои даста медалҳои тиллои Серияи «PRO», Лигаи касбии футзал ва Ҷоми Тоҷикистон зам шуд.
  • Соли 2022 низ "хет-трики тиллоӣ" кард.

Роҳбарияти бошгоҳ вироиш

  • Тоҷиддин Давлатов — Президенти бошгоҳ
  • Нуриддин Давлатов — Директори варзишӣ
  • Элчибек Элчибеков — Мененҷер
  • Аҳмад Саидов — Сардори даста
  • Суҳроб Раҳмонов - Маъмур
  • Шарофиддин Талабов - Мураббӣ-таҳлилгар
  • Фаррух Нозимзода - Сухангӯ

Дастовардҳои даста вироиш

  • Қаҳрамони Тоҷикистон (4): 2018, 2019, 2021, 2022
  • Ғолиби мусобиқаи байналмилалии Ҷоми «Олимп» (1): 2019
  • Барандаи Ҷоми Тоҷикистон (3): 2020, 2021, 2022
  • Барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (3): 2020, 2021, 2022

Ширкати «Соро» дар Чемпионати Осиё оид ба футзал миёни бошгоҳҳо-2019 вироиш

Давр Даста Ҳисоб Даста
1   «Вамос» (Индонезия) 6:4   «Соро компания» (Тоҷикистон)
2   «Соро компания» (Тоҷикистон) 2:7   «Бейрут» (Лубнон)
3   «Соро компания» (Тоҷикистон) 6:5   «Виктория» (Мянма)

Ҳамин тариқ, «Соро компания» бо касби се имтиёз ҷойи сеюмро ишғол кард ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Дастаҳои “Бейрут” ва “Вамос” ба чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дастовардҳои бозингарон вироиш

 Файзалӣ Сардоров

  • Беҳтарин футзалбози дар Тоҷикистон: 2017, 2021, 2022
  • Беҳтарин бозингари Ҷоми Қирғизистон 2019

Ҳайати феълии даста вироиш

Мавқеъ Шаҳрвандӣ Ном Соли таваллуд
40 Дарвозабон   Эрон Меҳдӣ Мустафоӣ 1991
1 Дарвозабон   Тоҷикистон Хушбахт Исоев 1998
2 Дарвозабон   Тоҷикистон Фирӯз Бозмамадов 2000
99 Дифоъгар   Тоҷикистон Дилшод Саломов 1995
18 Дифоъгар   Эрон Мӯҳсин Муҳаммадзода 1995
9 Универсал   Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров 1998
10 Универсал   Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов 1995
6 Универсал   Тоҷикистон Идрис Ёров 2000
14 Универсал   Тоҷикистон Насим Шарифов 2001
8 Ҳамлавари канорӣ   Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шарифов 1998
7 Ҳамлавари канорӣ   Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҷабов 1999
7 Ҳамлавари канорӣ   Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҷабов 1999
17 Ҳамлавари канорӣ   Тоҷикистон Самандар Ризоев 2001
13 Пивот   Тоҷикистон Бахтиёр Солиев 2001
72 Пивот   Эрон Муҳаммад Герованд 1993
11 Ҳамлавар   Тоҷикистон Фирӯз Сангов 1998

Пайвандҳо вироиш

Шабакаҳои иҷтимоӣ