Telegram – паёмрасони бисёрплатформавӣ, ки табодули паёмҳо ва файлҳои медиавиро дар бисёр форматҳо имкон медиҳад [2] . Барномаҳои муштарии Telegram барои Android, iOS, Windows Phone, Windows, macOS ва GNU / Linux дастрасанд [3] . Истифодабарандагон метавонанд паёмҳо ва аксҳо, стикерҳо, паёмҳои овозӣ ва видеоӣ, файлҳои гуногунро мубодила кунанд, инчунин занги аудиоӣ ва видеоӣ кунанд.

Навъ instant messaging client[d], нармафзори мобилӣ, вебгоҳ, dot-com company[d], Барномаи корбурдии веб ва online community[d]
Муаллиф Николай Дуров[d] ва Павел Дуров
Тавсеъадиҳанда Telegram FZ-LLC[d]
Навишташуда дар C++ ва Java[d]
Интерфейс Qt[d]
Системомил АйОс, Android, Windows, Chrome OS[d], macOS ва Linux[d]
Забони интерфейс инглисӣ, испониёӣ, олмонӣ, нидерландӣ, итолиёӣ, Забони португалии Бразилӣ, куриёӣ, русӣ, фаронсавӣ, укройнӣ, каталанӣ[1], белорусӣ, полякӣ, Забони малайӣ, туркӣ, форсӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, Забони индонезӣ, ибрӣ ва ҳиндӣ
Нахустин нусха 6 сентябри 2013 года
Платформаи дастгоҳӣ Android, АйОс, x86-64[d] ва ARM[d]
Охирин нусха 6.1.0 (TDesktop - 2.1) (24 апреля 2020)
Форматҳои файлҳои хондашаванда Telegram Desktop Data File (gen)[d]
Форматҳои файлҳои тавлидшуда Telegram Desktop Data File (gen)[d]
Ҳолат в активной разработке
Иҷозатнома Проприетарный сервер. GPL v2 для клиентов Android, iOS и клиента командной строки;
GPL v3 для остальных клиентов
Вебгоҳ telegram.org(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шумораи корбарони моҳонаи фаъоли ин хидмат, то охири моҳи апрели соли 2020, зиёда аз 400 миллион нафарро ташкил медиҳад [4] . Дар моҳи августи соли 2017, дар канали Telegram-и худ Павел Дуров гуфт, ки шумораи корбарони паёмрасон ҳамарӯза беш аз 600 ҳазор меафзояд [5] [6] .

Тибқи маълумоти холдинги таҳқиқотии Romir барои моҳи феврали соли 2018, ба ҳисоби миёна, корбарони Telegram дар Русия рӯзона 10-11 дақиқа ба он сарф мекунанд. Ҳиссаи аз ҳама зиёди корбарон дар байни русҳои 18-24 сола мебошад. Дар Маскав Telegram назар ба дигар шаҳрҳои Русия дар маҷмӯъ ду баробар маъмултар аст, алахусус дар байни истифодабарандагони аз 35 то 44 сола [7] .

Лоиҳа аз ҷониби Павел Дуров [8] [9] ба маблағи тақрибан 13 миллион доллари ИМА ҳамасола маблағгузорӣ мешавад [10] .

Илова бар мубодилаи паёмҳо дар муколамаҳо ва гурӯҳҳо, имконият аст шумораи номаҳдуди файлҳо дар мессенҷер дошта шаванд, идораи каналҳо (шабакаҳо/пабликҳо) (микроблогҳо), ихтироъ ва идораи ботҳо низ имкон пазиранд.

Аз 16 апрели соли 2018 то 18 июни соли 2020 дар истифодаи мессенҷер дар Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд.

  1. https://www.elnacional.cat/es/tecnologia/telegram-catalan_333537_102.html
  2. Telegram: новый мессенджер от Павла Дурова Бойгонӣ шудааст 5 августи 2016  сол. // Slon.ru, Юрий Болотов, Aug 23, 2013
  3. Список приложений Telegram (6 February 2014).
  4. Аудитория Telegram достигла 400 млн человек
  5. Durov's Channel. Telegram. 18 марти 2020 санҷида шуд.
  6. Павел Дуров: Каждый день аудитория Telegram увеличивается на 600 тысяч человек, Inc. (2 августи 2017). Проверено 10 октябри 2017.
  7. Определена основная аудитория Telegram в России(рус.). Проверено 13 феврали 2018.
  8. Сергей Лютых. Телеграмм нашего времени, Лента.ру (6 апрели 2015). Проверено 12 апрели 2015. «… сейчас Telegram Дуров поддерживает из своего кармана.».
  9. «Pavel Durov, …, supplied Telegram with a generous donation through his Digital Fortress fund, so we have quite enough money for the time being.»
  10. Как Павел Дуров заработает на бесплатном Telegram, ДП (22 сентябри 2015). Проверено 16 ноябри 2015. «содержание мессенджера обходится ему в $12 млн ежегодно».

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Пайвандҳои берунӣ

вироиш