Соқӣ Султонзода

забоншинос, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (2012), доктори илмҳои фалсафа (2020), профессор (2023)

Соқӣ Аслон Султонзода (тав. 8.01.1983, д. Вешаби н. Айнӣ) — забоншинос, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (2012), доктори илмҳои фалсафа (2020), профессор (2023). Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соқӣ Султонзода
Соқӣ Аслон Султонзода
Таърихи таваллуд 8 январ 1983(1983-01-08) (41 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2005)
Ҷоизаҳо Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Соқӣ Султонзода хатмкардаи шуъбаи забони франсавӣ, факултети филологияи романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2005), ассистенти кафедраи забони франсавии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2005-2007), аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи фалсафа донишгоҳ (2007-2009). Солҳои 2010-2011 магистранти Донишгоҳи Париж, дар Фаронса буда, рисолаи номзадиро дар мавзуи “Ибни Сино дар суннатҳои фалсафии Фаронса» дифоъ намудааст (2012). Мудири кафедраи забони франсавии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2012-2015. Солҳои 2015-2016 ба ҳайси декани факултети забонҳои романӣ-германӣ ва аз соли 2017 ба сифати мудири кафедраи забони франсавӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Рисолаи докториро мавзуи «Масъалаҳои материя ва атрибутҳои он дар фалсафаи Ибни Сино» ҳимоя намудааст (2020). Ҳамзамон ӯ аз соли 2014 раисии ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон-Фаронса»-ро дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бар уҳда дорад. Борҳо барои таҳсилу такмили ихтисос ва иштироку суханронӣ дар конефенсияю форумҳои байналмилалӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик сафарҳо анҷом додааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Рӯйхати асарҳо ва корҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ-методиии Соқӣ Султонзода беш аз 100 номгӯйро ташкил медиҳанд. Муаллифи 5 монография, аз ҷумла 2 монографияи номбурда дар шаҳри Саарбрюкени Олмон, яке бо забони русӣ, дигаре бо забони франсавӣ нашр шудаанд. Дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба тарҷумаи осори бадеии нависандагони Фаронса ба забони тоҷикӣ, ҳамчунин тарҷумаи осори илмии донишмандони фаронсавӣ ба тоҷикӣ ва баръакс машғул аст.

  • Фалсафаи тоҷик дар Фаронса. Д., 2021;
  • Проблема материи и её атрибутов в философии Ибн Сини. Д., 2019;
  • Грамматикаи забони франсавӣ. Дастури таълимӣ. – Д., 2018;
  • Философия Авиценни (Ибн Сини) во Франции. Саарбрюккен, 2015;
  • Avicenne (Ibn Sina) chez les philosophes français. Editions universitaires européennes, 2014. -108 p.;
  • Ибн Сина в философской традиции Франции. Д., 2013. ва ғ.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ