Соҷида Ғуломова (27 марти 1937, ҶШС Тоҷикистон — 9 марти 2018, Душанбе) — ҳунарпеша, яке аз маъруфтарин коргардонҳои телевизиони Тоҷикистон буд.

Соҷида Ғуломова
Таърихи таваллуд: 27 март 1937(1937-03-27)
Таърихи даргузашт 9 март 2018(2018-03-09) (80 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: бозигари синамо, коргардони телевизиюнӣ
IMDb: ID 13217638

Зиндагинома

вироиш

Соҷида Ғуломова 25 марти соли 1937 ба дунё омадаст. Хоҳараш — Фотима Ғуломова ва бародараш — Исфандиёр Ғуломов ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд[1].

Соли 1960 студияи тоыикистонии ГИТИС (курси Б. Бибиков ва О. Пыжова)-ро хатм кардааст[2].

Соҷида Ғуломова беш аз 35 сол аз соли 1962 то 1993 дар бахши адабии телевизиони Тоҷикистон кор кардааст.

Аз фарзандони Соҷида Ғуломова касе пешаи ӯро интихоб накардааст, вале писари хоҳараш Фотима Ғуломова — Барзу Абдураззоқов яке аз маъруфтарин коргардонҳои муосири театри тоҷик эътироф шудааст. Духтари хоҳари дигари ӯ — Моҳпайкар Ёрова ва ҳамин тавр, духтарамакаш Зулхумор низ ҳунарпешаанд.

Филмҳо

вироиш
  • 1972 — Четверо из Чорсанга (эпизод)
  • 1973 — Горная станция (котиб)
  • 1973 — Ткачихи (эпизод)
  • 1977 — Жили-были в первом классе (рӯфтагар)
  • 1978 — Женщина издалека

Телевизиюн

вироиш

Ӯ муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионие, чун «Найрангҳои Майсара», «Зани оҳанин», «Имтиҳон», «Зангирии Чаққабой», «Ҳаёт ва ишқ», «Субҳи модар», «Армони модар» аст, ки аз ганҷҳои «Фонди тилоӣ»-и телевизиони тоҷик дониста мешаванд ва то имрӯз батакрор нашр мешаванд.

Даргузашт

вироиш

Соҷида Ғуломова 9 марти 2018 дар 81-солагӣ дар Душанбе даргузашт[3].

  1. Sputnik Тоҷикистон. Коргардони маъруфи телевизиони тоҷик Соҷида Ғуломова даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (10 марти 2018). 16 ноябри 2022 санҷида шуд.
  2. Гулямова Соджида(рус.). kino-cccp.net. 16 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 ноябри 2022.
  3. "На унвон дошт, на нафақаи хуб". Соҷида Ғуломова даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 16 ноябри 2022 санҷида шуд.