Субҳон Ҷалилов (Ҷалилов Субҳон Ҷурабекович[1]; тав. 26 декабри 1977, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигор ва блогнависи тоҷик, ровии барномаҳои радиоӣ. Муҳаррир ва директори барномаҳои Радиои «Ватан» (аз 2008)[2], «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010).

Субҳон Ҷалилов
Ҷалилов Субҳон Ҷурабекович
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Субҳон
Таърихи таваллуд 26 декабр 1977(1977-12-26)
Зодгоҳ Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор, ровии барномаҳои радиоӣ
Ҷоизаҳо

«Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ дар соҳаи Радио» (2009), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010), «Аълочии Телевизион ва Радио» (2012).

Зиндагинома

вироиш

Субҳон Ҷалилов 26 декабри соли 1977 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст[3]. Оиладор, ду писар ва як духтар дорад.

Солҳои 1984—1994 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 1-и ноҳияи Файзобод таҳсил кардааст. Соли 1995 ба шуъбаи Радиофизика ва электроникаи факултети физикаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2000 бо ихтисоси «Муҳандиси соҳаи радиофизика ва электроника» хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Солҳои 2000—2002 муҳаррир, сармуҳаррири идораи барномаҳо барои ҷавонон ва наврасони Радиои Тоҷикистон, 2003—2008 муҳаррир, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ ва фароғатии радиои «Ватан» буд. Аз соли 2008 ба ҳайси директори барномаҳои радиои мазкур ва муаллифи шоу-барномаи субҳгоҳии «Субҳи Ватан» ифои вазифа дошт.

Субҳон Ҷалилов то охири соли 2022 дар вазифаи Директори кулли Радиои "Ватан" фаъолият кардааст. [4].

Ҷоизаҳо

вироиш

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ (2009), дорандаи нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010), Аълочии ТВ ва Радиои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон — "Эътимод" мебошад.

  • Субҳон Ҷалилов. 61 алами бемодарӣ. — Д., 2019. — 126 с. — ISBN 978-99975-349-8-9.
  • Субҳон Ҷалилов. Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин. — Д., 2021. — 138 с. — ISBN 978-99985-64-11-4.
  1. Субхон Джалилов — программный директор радио «Ватан». «Медиа Альянс Таджикистана» (2 марти 2009). 20 июли 2017 санҷида шуд.
  2. СУБҲОНИ «СУБҲИ ВАТАН» » Медиа-холдинг "Чархи Гардун". gazeta.tj. 20 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июли 2014.
  3. Субҳони Ҷалил. «Фараж». www.faraj.tj. 20 июли 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  4. Субҳон Ҷалилов раиси “Медиа Алянси Тоҷикистон” шуд. «Фараж». www.faraj.tj. 20 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 июли 2017.

Сарчашма

вироиш