Радиои «Ватан»
Радиои «Ватан» — яке аз аввалин ширкатҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар Тоҷикистон аст.
Ширкати телевизион ва радиои «Ватан» | |
Шаҳр | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Шиор | Садои «Ватан» — дар фазои Ватан![1] |
Формат | иттилоотӣ, фарҳангию дилхушӣ |
Басомад | 106 FM |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Минтақаи пахш | Тоҷикистон |
Забон | тоҷикӣ, русӣ |
Таърихи оғози пахш | 7 майи соли 2003[2] |
Роҳбарон |
Кулакова-Браннеруд Вера Владимировна — директори кулли ширкат Субҳон Ҷалилов — директори барномаҳои радио |
Вебгоҳ | vatan.tj |
https://facebook.com/radiovatan/ | |
Пахши зинда | vatan.tj |
Таъсис
вироишРадиои «Ватан» моҳи июли соли 2002 ба қайд гирифта шуда, 13 августи 2002 соҳиби иҷозатнома (литсензия) гардидааст. Расман аз 7 майи соли 2003 ба фаъолият оғоз намуд. Ҳаҷми радиошунавонӣ дар як шаборӯз 24 соат мебошад. Дар ҳудуди Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон пахш мешавад. 80%-и барномаҳои Радиои «Ватан» бо забони тоҷикӣ ва фақат 20%-и барномаҳо бо забони русӣ пешниҳод мешаванд.
Ҳадаф ва пахш
вироишФаъолияти «Ватан» бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти сокинони пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар бо барномаҳои иттилоотӣ, фарҳангию дилхушӣ, маърифатӣ, ҳаҷвӣ, мусиқӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳар ним соат ахбор садо медиҳад. Канали «Субҳи Ватан» барномаи иттилоотӣ-вақтхушӣ буда, ба ду забон пахш мегардад
«Ватан» — аввалин радиои хусусӣ аст, ки дар тамоми қалмрави кишвар кобили шунидан аст: дар Душанбе ва атрофи он дар мавҷи 106, дар Қурғонтеппа ва перомуни он шаҳр дар мавҷи 102,4, дар Хоруғ дар мавҷи 105 ва дар Хуҷанду атрофи он шаҳр дар мавҷи 103,3 FM шунидан мумкин аст.
Барномаҳо
вироишҲамарӯза дар барномаи «Бароят бахт мехоҳам» сокинони пойтахт имкон доранд, ки хешу табор ва наздикони худро табрик намоянд. Барномаҳои «Чашмандоз», «Хабарнигор», «Мавқеъ», «Мо ба шумо хушбахтӣ хоҳонем», «Репортер», «Максимум» ҳамарӯза дар бораи масоили асосии рӯз ҳикоя мекунанд. Барномаи «Пешрафт» дар давоми як соат шунавандагонро бо ахбори тозаи соҳаи технологияи нав, аз қабили Интернет, алоқаи мобилӣ ва навигариҳои техникӣ ошно месозад. Дар барномаҳои мусиқии «Панҷгонаи тилоӣ» ва «SMS-чарт» шунавандагон баҳои (рейтинги) сурудҳои писандидаро муайян менамоянд. «Сармоя» барнома дар бораи бонкҳои Тоҷикистон буда, мақсадаш афзун намудани бовари шаҳрвандон ба низоми бонкии кишвар аст. «Ватан» аз соли 2003 лоиҳаи дастгирии истеъдодҳои ҷавон – «Ситораҳои асри нав»-ро амалӣ мегардонад, ки ҳадаф аз он пайдо ва дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод –ҳунарпешагони ояндаи санъати эстрада мебошад.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
вироишЛоиҳаи Радиои «Ватан» ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират барномаи «Дур аз Ватан…» аст, фақат дар 12 рӯз як маротиба ва дар доираи як соат баргузор мешуд, мустақиман бо ширкати ҳуқуқшиносон ва мутахасисон аз ин созмони ҷаҳонӣ ва ҳам аз мақомоти дахлдори давлатӣ баргузор мегардид. Бо ҳамкорӣ ва мусоидати созмону ташкилоти ҷаҳони, сафоратхонаи кишварҳои гуногун Радиои «Ватан» чандин марафону рузҳои махсусро – мисли Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД, Рӯзи пешгирии меҳнати кӯдакон, Рӯзи ҷаҳонии духтарон, маъракаҳои гуногунуи эмгузаронӣ, Рӯзи мубориза бо вараҷа, бо бемории сил, рузи дастгирии кӯдакони дорои аутизм ва чандин рӯзу маҳфилу марафонро тариқи эфир ва дар кӯчаҳои Душанбе бо инъикоси онҳо дар эфир баргузор гардиаанд.
Ҳамкории Радиои «Ватан» бо Сафорати Амрико, Британия, Фаронса, Русия, Норвегия, Озорбойҷон, Белорусия, Маркази фарҳангии «Бактрия» ва ғайра дар сатҳи хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Субҳон Ҷалилов: Садои “Ватан” акнун дар Хуҷанд ҳам қобили шунидан аст // "Озодагон", 5 январи 2015, 15:41
- ↑ “Ватан” даҳсола шуд // "Озодагон", 7 майи 2013, 11:06
Сарчашма
вироиш- Ватан // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.