Суди конститутсионии Тоҷикистон
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ниҳоде мустақил аз низоми додгоҳии Тоҷикистон барои назорати қонуни асосӣ ва ба манзури итминон аз бартарию иҷрои мустақими волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст[1].
Таърихи таъсис | 15 май 1995 |
---|---|
Кишвар | |
Қонунӣ барои | Тоҷикистон |
Маҳалли дафтари марказӣ | |
Вебгоҳи расмӣ | constcourt.tj |
Таърих
вироишСуди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1995 № 238 «Дар бораи фаъолияти ташкилии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис шуда ва бо қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 № 84 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолиятоғоз кард[2].
Раисон
вироишДар солҳои гуногун Шарипов Х. Ҳ. (1995—1996), Абдуллоев Ф. А. (1996—2000), Солеҳов М. С. (2000—2003), Ализода З. (2003—2006), Хоҷаев И. (2006—2009), Маҳкам Маҳмудзода (2009—2019), Лутфулло Абдуллозода (2019—2021) раисии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд.
Аз соли 2021 инҷониб раисии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Абдумаҷид Гулзода ба уҳда дорад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Қонуни ҶТ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 апрели 2017). 13 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Дар бораи Суди Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 13 марти 2024 санҷида шуд.