Маҳкам Маҳмудзода
Маҳкам Аъзамович Маҳмудов — ходими давлатӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ (1998), профессор (1998). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (2008). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994). Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998). Судяи дараҷаи олии ихтисосӣ (2009), Раиси суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009—2019)
Маҳкам Аъзамович Маҳмудов | |
Таърихи таваллуд | 17 июл 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ | Истаравшан ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҳуқуқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Ҷоизаҳо | , медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Иттиҳод» (ИДМ), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994). Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998). |
Зиндагинома
вироишМаҳкам Аъзамович Маҳмудов 17 июли соли 1957 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленинро ба поён расондааст (1979), ихтисос — «ҳуқуқ».
- Солҳои 1979—1993 ба ҳайси ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедра дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон адои вазифа намудааст,
- 1993—2006 — муовини декан, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон,
- 2005—2010 — узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 2006—2009 — муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Аз соли 2009-то имрӯз — Раиси суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ.
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ,
- «Иттиҳод» (ИДМ),
- медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
- Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).
- Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998).
- Судяи дараҷаи олии ихтисосӣ (2009) тақдир шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с
Пайвандҳо
вироиш- Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.