Султоналӣ Табиби Xуросонӣ

Ҳаким Султоналӣ Табиби Xуросонӣ (форсӣ: حکیم سلطان علی طبیب خراسانی‎; қарни XVI) — донишманд ва пизишки форс-тоҷик.

Султоналӣ Табиби Xуросонӣ
Кишвар

Зиндагинома

вироиш

Дар Хуросону Самарқанд таҳсил кардааст. Аз асарҳои Султоналии Табиби Xуросонӣ «Дастуру-л-илоҷ» (соли 1526—1527) маълум мешавад, ки ӯ ба омухтани масъалаҳои беҳдошти хӯрок, нушокиҳо, мавриди хоб, сару либос, машғулият ва варзиш, кори ҷисмонӣ, иқлим ва ғайра эътибор додааст. Султоналии Табиби Xуросонӣ тақрибан 300 сол пеш аз пайдоиши мафҳуми микроб хосияти сироятии ваборо ба эътибор гирифта, барои дезинфекция истифода бурдани сиркоро тавсия намудааст. Султоналии Табиби Xуросонӣ дар асархояш оид ба безарар намудани оби нӯшокӣ (бо омехтаи пиёзу сирко), сабабҳои пайдоишина усулҳои пешгириву муолиҷаи бемориҳои гуногун, ба дигаршавии мизоҷу хилтҳо ва ғайра вобаста будани бемориҳо маълумоти муфид овардааст. Вай барои осон шудани муолиҷа ва риоя намудани меъёри доруҳо синну соли одамро ба 4 давра (кудакӣ — то синни 15, ҷавонӣ — то 30—40, миёнасолӣ то 60 ва пирӣ — баъди 60) тақсим намудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Султоналии Табиби Xуросонӣ / Т. Ахмадов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).