Султони Кабир (бозор)

«Султони Кабир» (ҶДММ «Султони Кабир») — бузургтарин бозори масолеҳи сохтмон ва техникаи маишӣ дар Душанбе.

Таъсиси бозор

вироиш

10 июни 1998 таъсис ёфтааст. Аз моҳи майи 2000 ҳудуди бозори «Султони Кабир» васеъ гардида, ҳоло масоҳати он 4,7 га мебошад ва дар бозор бештар аз 2 ҳазор нафар соҳибкор фаъолият менамояд. Бозор дорои дуконҳои фурӯши маҳсулоти гуногун, анбору бағочхонаҳо, нуқтаҳои тиҷоратӣ ва айвонҳои тиҷоратии махсусгардонидашудаи фурӯши молҳо мебошад. ҶДММ «Султони Кабир» барои рушди фаъолияти корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандону соҳибкорон, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ба харидорон тамоми имкониятҳоро истифода мебарад.

ҶДММ «Султони Кабир» фаъолияти васеъи хайрхоҳона ва расонидани кумакҳои башардӯстонаро ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва зарардидагони офатҳои табиӣ амалӣ менамояд. Дар давоми солҳои 2009—2014 ҷамъият аз ҳисоби маоши ҳайати роҳбарӣ маблағи бештар аз 56 ҳазор сомониро ба ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон гузаронидааст. Аз ҳисоби даромади ҷамъият барои сохтмони хонаҳои иқоматӣ ба зарардидагони шаҳри Кӯлоб бар асари борони сели моҳи майи 2010 маблағи 335 ҳазор сомонӣ ва ба зарардидагони ноҳияи Ваҳдат дар соли 2014 ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонид. Ҷамъият дар Барномаи рушди футбол ва ҷалби аҳолӣ ба варзиш саҳм гирифта, дастаи футболи «Султони Кабир» дар соли 2013 ғолиби чемпионати шаҳри Душанбе гардид. Муассиси ҶДММ «Султони Кабир» — Кабиров Аваз Султонович.

Тахриби бозор

вироиш

Аз 1 марти соли 2022 «Султони Кабир» пурра баста шуд[1]. Соҳибкорон ба бозори «Кӯшониён» кӯчиданд.

Адабиёт

вироиш