Султонмуҳаммади Табрезӣ
Султонмуҳаммади Табрезӣ (1470, Табрез — 1555, ҳамон ҷо) — мусаввир ва минётурнигори форс-тоҷик, яке аз намояндагони намоёни Мактаби минётури Табрез.
форсӣ: سلطان محمد | |
Таърихи таваллуд | 1470-ум[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 1555[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | manuscript illumination[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз ҷумлаи шогирдони Оқо Миралии Наққош. Дар Китобхонаи Табрез ба ороиш, мунаввирӣ ва китобат машғул буд. Ба девони Ҳофиз (1535, 1517—40), «Хамса»-и Низомӣ (1539—1543) минётурҳо офаридааст. Инчунин тахмин мекунанд, ки ӯ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1537), ва девони Навоиро (1527) бо минётурҳо оро додааст. СултонмуҳаммадиТабрезӣ инчунин як силсила минётурпортретҳо офарида, болои қолин эскизи манзараҳои шикорро кашидааст. Дар заргарӣ ва чинисозӣ низ моҳир будааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Султонмуҳаммади Табрезӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).