Султон Иброҳиммирзо
Абулфатҳ Султон Иброҳиммирзо (форсӣ: ابوالفتح سلطان ابراهیم میرزا), мутахаллис ба Ҷоҳӣ (форсӣ: جاهی; апрели 1540 — 23 феврал 1577, Қазвин) — хушнавис, музаҳҳиб, мусаввир, дуредгар, навозанда ва шоири форс-тоҷик, шоҳзодаи сафавӣ ва фарзанди Баҳроммирзо.
Таърихи таваллуд: | апрели 1540 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 23 феврал 1577 (36 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПас аз издивоҷ бо духтари шоҳ Таҳмосб — Гавҳарсултон ҳокими Хуросон таъйин гардид ва 12 сол дар ин мақом буд. Шоҳ Исмоили II баъди ба тахт нишастан ӯро дар Қазвин ба қатл расонд. Турбаташро баъд ба Машҳад бурданд. Ба илму фан ва ҳунарҳо дилбастагии зиёд дошт. Султон Иброҳиммирзо улуми роиҷи замони худ — тиб, риёзӣ, фалсафа, сарфу наҳв, аҳодис ва ансобро медонист, дар хушнависӣ, наққошӣ ва таҳзиб забардаст буд. Дар китобхонааш, ки беш аз 4 ҳазор китоби нафис дошт, ҳунармандон ҷамъ меомаданд. Ба забони форсӣ ва туркӣ шеър мегуфт. Аз Султон Иброҳиммирзо осори гуногун, аз ҷумла: «Хутути хушнависон», «Тасовири мусаввирон», «Ҷавоҳирот», «Зуруфи чинӣ» боқӣ мондаанд, ки бо як нусхаи мусаввар ва зарҳалкоришудаи девонаш (бо 3 ҳазор байт) дар Китобхонаи миллии Эрон нигоҳдорӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иброҳиммирзо Султон / Н. Шарипов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.