Сураи Зуҳо

(Тағйири масир аз Сураи Аз Зуҳо)

Сураи Зуҳо (араб. سورة الضحىчоштгоҳ) — наваду севумин сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шуда, 11 оят дорад ва номи он аз ояти якум гирифта шудааст.

Сура —
Маънои ном чоштгоҳ
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 93
Шумораи оятҳо 11
Ҷузъ 30
Шумораи рукӯъ 1
Сураи гузашта Сураи Лайл
Сураи раванд Сураи Иншироҳ
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа

вироиш
  Савганд ба вақти чошт,   ва савганд ба шаб, чун бипӯшад (бо торикии худ атрофро),   ки Парвардигорат туро тарк накарда ва душман ҳам нагирифтааст.   Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст.   Ба зуди Парвардигорат туро ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.   Оё туро ятим наёфт ва паноҳат надод?   Ва туро гумгашта ёфт ва ҳидоятат кард?   Ва туро дарвеш ёфт ва тавонгарат гардонид?   Пас ятимро маёзор   ва гадоро марон   ва аз неъмати Парвардигорат сухан бигӯй.
 

Тафсир

вироиш

Дар сабаби нузули Зуҳо омадааст, ки дар оғози рисолати паёмбар (с) муддате ҷараёни нузули ваҳй бар вай қатъ гардид, баъзе мушрикон гуфтанд, ки Худояш ӯро тарк кард. Дар ин вақт сураи «Зуҳо» нозил шуд ва гуфтаи онҳоро рад кард.

Дар ибтидои сура Худо ба чоштгоҳ ва шаб, вақте торикияш фарогир шавад, савганд хӯрда, ки Ӯ ҳаргиз паёмбар (с)-ро тарк накардааст, охират барои вай аз дунё беҳтар аст ва барояш ба андозае пешрафту баҳра ато мекунад, ки аз он розиву хушнуд мегардад. Дар қисмати дуввуми сура Худованд аз давраҳои ятимӣ, бепарасторӣ, надоштани барномаи ҳидоят ва нодории паёмбар (с) ёдовар шуда, дар поён ба вай тавсия мекунад, ки ятимонро зердасту мазлум накунад, ниёзмандонро ба дуруштӣ аз худ наронад ва ҳамеша неъматҳои Парвардгорашро ба ёд оварда, дар бораи онҳо сухан бигӯяд.

Адабиёт

вироиш
Сураи қаблӣ: Ал Лайл Сура 93Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Сураи Иншироҳ