Сураи Ал Аъло
Сураи Ал Аъло (араб. سورة الأعلى — Бартар) — ҳаштоду ҳафтум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 19 оят аст.
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | Бартар |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Омор | |
Рақами сура | 87 |
Шумораи оятҳо | 19 |
Ҷузъ | 30 |
Шумораи рукӯъ | 1 |
Сураи гузашта | Сураи Ат Ториқ |
Сураи раванд | Сураи Ал Ғошия |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Мундариҷа
вироишТафсир
вироишТафсири исломӣ
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Тафсири донишномавӣ
вироишЭнтсиклопедияи миллии тоҷик
вироишАЪЛÓ (арабӣ الاعلی – бартар), сураи 87-и Қуръон, ки дар Макка нозил шуда, аз 19 оят иборат мебошад. Ба тартиби нузул сураи 19 аст. Номи Аъло аз ояти 1 гирифта шудааст. Оғози Аъло дар хусуси қудрати офарандагии Худо, фурӯ фиристодани Қуръон буда, дар оятҳои дигар амр ба пайғамбар (соли) аст, ки мардумро панд диҳад, баъзеҳо тавфиқи панд пазируфтан доранд, баъзеи дигар не; оқибати кори пандпазирон ва панд нопазируфтагон чӣ хоҳад буд? Сипас огоҳӣ ва панд ба ҳамаи мардум аст. Худованд пайғамбари акрам (соли) ва дар шахси вай пешвоёни динро дар ин сура ба тазаккур, роҳнамоӣ ва тавсия ба некӣ амр намуда, онро барои нармдилон ва аҳли хашят (тарс, бим) нофеъ медонад, ҳарчанд аҳли шақо (бадбахтӣ, бало) ва одамони сангдил аз он дур шаванд. Дар поён бо баёни равонковонае сабаби дурӣ гузидани баъзе одамон аз анвори ҳидоят ва бенасиб мондани гурӯҳеро аз омӯзаҳои имонӣ бозгӯ менамояд, ки он баргузидани зиндагонии ин дунё ва ҳадафҳои зудгузари он аст, дар ҳоле ки охират барояшон беҳтар ва ҷовидона аст. Аз ояти шашуми сура чунин бармеояд, ки он дар даврони ибтидои рисолати пайғамбар (соли) нозил шудааст, замоне ки он ҳазрат (соли) ҳанӯз ба дарёфти ваҳй пурра одат накарда ва ташвиш доштанд, ки мабодо чизе аз онро фаромӯш кунанд. «Ба зудӣ туро (ба тавре) мехононем, ки (дигар) фаромӯш намекунӣ, магар он чи Худо бихоҳад!». Сураи Аълоба сабаби зикри матолиби умдаи эътиқодӣ – тавҳид, нубувват ва маод, бисёрии улум, фазои хосси рӯҳоние, ки аз амр ба тасбеҳ дар он ҳосил шуда ва бо ангезаҳои дигар сураи баргузидаи пайғамбари акрам (с) ба шумор мерафт ва бинобар ривоятҳои саҳеҳ расули Худо (с) онро ҳамроҳ бо сураи Ғошия дар намозҳои идайн, ҷумъа ва витр бисёр тиловат мекард. / А. Боқизода, М. Умаров.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Сураи Ал Аъло — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
Сураи қаблӣ: Ат Ториқ | Сура 87 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Ал Ғошия |
Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |