Воқиъа (араб. سورة الواقعةрӯйдоди қиёмат) — панҷову шашум сураи Қуръон. Дар Макка нозил шуда, аз 96 оят ва 3 рукӯъ иборат аст. Ба тартиби нузул сураи 41-ум аст. Номи Воқиъа аз ояти 1 гирифта шудааст.

Сура —
Маънои ном рӯйдоди қиёмат
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 56
Шумораи оятҳо 96
Ҷузъ 27
Шумораи рукӯъ 3
Сураи гузашта Сураи Ар Раҳмон
Сураи раванд Сураи Ал Ҳадид
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа

вироиш

Дар оғози Воқиъа сухан дар бораи ҳодисаҳое меравад, ки ҳангоми барпошавии қиёмат ва баъд аз он воқеъ хоҳанд шуд. Мардум ҳама ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: асҳоби дасти рост – асҳоби маймана (биҳиштиён); асҳоби дасти чап – асҳоби майсара (дӯзахиён) ва собиқон – пешравони биҳишт, ки муқаррабон ҳастанд. Мақоми гурӯҳҳои якуму сеюм биҳишт аст. Оятҳои 12–40-и Воқиъа ба васфи биҳишт бахшида шудаанд. Баъд аз ин (оятҳои 41–56) дар бораи аҳволи асҳоби дасти чап ва ҷойгоҳи онҳо дар он ҷаҳон аст. Ва он аҳволу ҷойгоҳ ҷазои гуфтор, кирдор ва пиндорест, ки онҳо дар зиндагонии ин ҷаҳон доштанд. Сипас, аз оятҳои 57 ба баъд Худо ба мардуми муосир хитоб намуда, онҳоро ба сӯйи имон ба Худои ягона, ҳақ будани зинда гардонидан дар охират даъват мекунад. Аз ояти 74 боз савганди Худо дар хусуси мақоми баланди Қуръон меояд. Ояти машҳуре, ки онро дар варақаи унвони аксари нусхаҳои Қуръон сабт мекунанд – «Он, ки ин Қуръон гиромиқадр аст, дар Китоби пӯшида, ки ба ҷуз поккардагон касе ба он даст намерасонад» – дар Воқиъа аст (оятҳои 77–79). Дар охир (аз ояти 88) боз ба аҳволи се гурӯҳ: муқаррабон, асҳоби дасти рост ва муказзибон (дурӯғшуморандагон) ишора шудааст. Муфассирон тавсиферо, ки барои биҳишту дӯзах дар Воқиъа омадааст, беҳтарин баён донистаанд.

  Чун қиёмат воқеъ шавад,   ки дар воқеъ шуданаш ҳеч дурӯғ нест,   гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда.   Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад   ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд   ва чун ғуборе пароканда гарданд,   шумо се гурӯҳ бошед:   яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?   Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд?   Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат).
 

Тафсир

вироиш

Сарчашма

вироиш
Сураи қаблӣ: Ар Раҳмон Сура 56Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Ҳадид