Сураи Зухруф
Зухруф (араб. الزخرف — зеваролот, таҷаммулот ва зинати зоҳирии дунё) — чилу севумин сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 89 оят аст.
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | зеваролот, таҷаммулот ва зинати зоҳирии дунё |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Омор | |
Рақами сура | 43 |
Шумораи оятҳо | 89 |
Ҷузъ | 25 |
Шумораи рукӯъ | 7 |
Сураи гузашта | Сураи Шӯро |
Сураи раванд | Сураи Духон |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Мундариҷа
вироишНоми сура аз калимаи «зухруфан» дар ояти 35-уми он гирифта шудааст. Мавзӯъҳои асосии Зухруф: 1) аҳаммияти паёмҳои Қуръон барои равнақ ва шукуфоии ҳаёти башарият ва бархӯрди номуносиби ноогаҳон бо он; 2) рисолати паёмоварони пешин ва паёмбар (с); 3) тавҳид, нишонаҳои худошиносӣ, мубориза бо ширк ва нафйи нисбатҳои нораво ба Худованд; 4) мубориза бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ва хурофот; 5) саргузашти паёмбарони пешин, аз ҷумла Иброҳим (а), Мусо (а), Исо (а) ва қавмҳои эшон; 6) гӯшае аз саргузашти Фиръавн; 7) маод, подоши ухравии муъминон ва сарнавишти бади кофирон; 8) ҳушдор ва ваиди гунаҳгорон; 9) орзуҳои беҷо ва интизориҳои ботили одамони беимон; 10) насиҳату андарзҳои муассир.
Чунончи, дар оятҳои 33-35 равиши арзёбиҳо ва низоми арзишии ислом баён гардидааст, ки тибқи он гарчи молу сарват ва мақомоти моддӣ васоиле бисёр муҳимманд, вале барои таъмини саодати инсон ва маънои хушбахтӣ меъёр ба шумор намераванд. Дар ояти 61 зимни ишора ба нузули Исо (а) аз осмон гуфта шуда, ки ин воқеа хабар ва илме аз фаро расидани рӯзи қиёмат дар он рӯз аст, пас, дар вуқӯи он шакке надошта бошед. Қиёмат ногаҳон фаро расида, касе аз он хабардор намешавад. Дӯстон дар он рӯз душмани якдигаранд, магар парҳезкорон, ки дӯстии онҳо дар он рӯз низ ҳамчунон идома меёбад. Матолиби сура бо баёни шавоҳиди дигаре барои исботи тавҳид, барпо шудани қиёмат ва баёни тарзи муносибати бузургворона бо ҷоҳилон ба поён мерасанд.
Тафсир
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зухруф / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Сураи Зухруф — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
Сураи қаблӣ: Аш Шӯро | Сура 43 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Ад Духон |