Сураи Зуҳо
Сураи Зуҳо (араб. سورة الضحى — чоштгоҳ) — наваду севумин сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шуда, 11 оят дорад ва номи он аз ояти якум гирифта шудааст.
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | чоштгоҳ |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Омор | |
Рақами сура | 93 |
Шумораи оятҳо | 11 |
Ҷузъ | 30 |
Шумораи рукӯъ | 1 |
Сураи гузашта | Сураи Лайл |
Сураи раванд | Сураи Иншироҳ |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Мундариҷа
вироишТафсир
вироишДар сабаби нузули Зуҳо омадааст, ки дар оғози рисолати паёмбар (с) муддате ҷараёни нузули ваҳй бар вай қатъ гардид, баъзе мушрикон гуфтанд, ки Худояш ӯро тарк кард. Дар ин вақт сураи «Зуҳо» нозил шуд ва гуфтаи онҳоро рад кард.
Дар ибтидои сура Худо ба чоштгоҳ ва шаб, вақте торикияш фарогир шавад, савганд хӯрда, ки Ӯ ҳаргиз паёмбар (с)-ро тарк накардааст, охират барои вай аз дунё беҳтар аст ва барояш ба андозае пешрафту баҳра ато мекунад, ки аз он розиву хушнуд мегардад. Дар қисмати дуввуми сура Худованд аз давраҳои ятимӣ, бепарасторӣ, надоштани барномаи ҳидоят ва нодории паёмбар (с) ёдовар шуда, дар поён ба вай тавсия мекунад, ки ятимонро зердасту мазлум накунад, ниёзмандонро ба дуруштӣ аз худ наронад ва ҳамеша неъматҳои Парвардгорашро ба ёд оварда, дар бораи онҳо сухан бигӯяд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зуҳо / С. Наимов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Сураи Зуҳо — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
Сураи қаблӣ: Ал Лайл | Сура 93 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Сураи Иншироҳ |
Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |