Сурхай Ахундов
Сурхай Аху́ндов (Ахундов Сурхай Гейдарович; 13 феврали 1897, Боку, ҶШС Озарбойҷон – 1972, Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон) — невропатолог, доктори илмҳои тиб (1953), профессор (1954).
Ахундов Сурхай Гейдарович | |
Таърихи таваллуд | 13 феврал 1897 |
Зодгоҳ | Боку, ҶШС Озарбойҷон |
Таърихи даргузашт | 1972 |
Маҳалли даргузашт | Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти тиббии шаҳри Боку |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти тиббии шаҳри Боку (1930). Аспирант ва ассистенти Институти илмӣ-таҳқиқотии ҷарроҳии асаби Маскав (1930–36), дотсенти Институти якуми тиббии Маскав (1936–41), духтури ҳарбӣ дар набардҳои ҶБВ (1941–45), мудири кафедраи Институти тиббии шаҳри Боку (1946–54), мудири кафедраи Институти тиббии шаҳри Кишинёв (Молдавия; 1955–56), мудири кафедраи бемориҳои асаби Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1956–63). Фаъолияти минбаъдааш дар Институти тиббии шаҳри Тошканд гузаштааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 50 таълифот аст, ки ба масоили гуногуни анатомия ва патофизиологияи силсилаи аъсоб, нейрохирургия, бемориҳои асаб ва ғайра бахшида шудаанд.
Осор
вироиш- Вопросы патогенеза и лечение судорожного припадка, Кишинёв, 1955;
- Диагностика и лечении травматических повреждений периферических нервов, Сталинабад, 1957;
- Клиника, диагностика и лечение опухолей спинного мозга и позвоночника, Сталинабад, 1960.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.