Сушил Прасад Куирало ( неп. सुशील कोइराला; 12 августи 1939, Биратнагар, Шоҳигарии Непал — 9 феврали 2016, Катманду, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ) — арбоби давлатии Непал, раҳбари Ҳизби Конгресси Непал, Сарвазири Непал аз 10 феврали 2014 то 12 октябри 2015 .

Сушил Куирало
неп. सुशील कोइराला
11 феврал 2014 — 12 октябр 2015
Пешгузашта Хил Раҷ Рагми
Ҷонишин Кҳадга Прасад Олӣ
19 ноябр 2013 — 13 октябр 2017
Таваллуд 12 август 1939(1939-08-12)[1]
Даргузашт 9 феврал 2016(2016-02-09)[2][1] (76 сол)
Ҳизб
Эътиқод Ҳиндуия
 Парвандаҳо дар Викианбор

10 феврали соли 2014 сиёсатмадор Куирало Сарвазири Непал интихоб шуд [3]. Интихоботи Куирало дар натиҷаи созишномае, ки 9 феврал дар байни Ҳизби Конгресси Непал ва Ҳизби коммунистии Непал (марксистӣ-ленинии ягона) баста шуда буд, имконпазир гардид. Номзадии Куиралоро 405 нафар аз 575 вакили Маҷлиси муассисон, як мақоми муваққати қонунгузор, ки барои таҳия ва қабули конститутсияи нав пешбинӣ шудааст, тасдиқ карданд [4].

Дар давраи фаъолияташ дар мақоми сарвазир ҳукумат барои таъхираш дар расонидани кумак ба осебдидагон аз заминларзаи моҳи апрели соли 2015 дар Непал интиқод шуд. Дар ҳамин сол инчунин дар байни чор ҳизби асосии сиёсӣ созишномаи таърихӣ имзо карда шуд, ки он барои қабули Конститутсияи нави Непал роҳ кушод. Моҳи октябри соли 2015 ӯ ваъдаи қаблии худ дар бораи истеъфои баъд аз қабули Қонуни нави асосии кишварро иҷро кард. Мағлубият дар интихоботи баъдии порлумонӣ ба Куирало имкон надод, ки дубора ба мақоми раҳбари ҳукумат бинишинад.