Сушрута
Сушрута (Susruta), табиб ва нависандаи ҳиндӣ, муаллифи муҳимтарин ва қадимтарин асари тиббӣ, асосгузори мактаби тиббии ҳинд. Замон ва макони зиндагии С. маълум нест. Тахмин мекунанд, ки ӯ дар ох садаи 8 дар Каши (ҳозира Банорас) умр ба сар бурдааст. Таълифоте, ки ба С. нисбат дода мешавад, фарогири тамоми системаи тибби ҳиндӣ буда, ба забони сода ва фаҳмо навишта шудааст. Бино ба ривоятҳо С. онро бо хоҳиши шарикдарсони худ таълиф намудааст. Асари С. борҳо чоп (Калкутта, 1836, 1873, 1885) ва ба забонҳои лотинию англисӣ тарҷума гаштааст.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |