Сэмюэл Беккет
Сэ́мюэл Бáркли Бе́ккет (англ. Samuel Barclay Beckett, 13 апрели 1906 — 22 декабри 1989) — нависанда ва драматурги ирландӣ; ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ менавишт.
инг. брит. Samuel Beckett | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | инг. брит. Samuel Barclay Beckett[6] |
Тахаллусҳо: | Andrew Belis |
Таърихи таваллуд: | 13 апрел 1906[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 декабр 1989[1][4][5] (83 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, забоншинос, коргардони филм, филмноманавис, cricketer, шоир, румоннавис, намоишноманавис, тарҷумон, омӯзгор, Зиёӣ, French resistance fighter, video artist |
Солҳои эҷод: | 1929 — 1988 |
Жанр: | филми диром |
Забони осор: | фаронсавӣ[1] ва инглисӣ[1][8] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндагинома
вироишПас аз хатми коллеҷи шаҳри Дублин ба Париж омад ва забони англисиро дарс медод. Манзумааш «Блудоскоп» (1930) ва маҷмӯаи ҳикояҳову ашъораш, романаш бо номи «Мёрфи» (1938) дар Париж ба забони англисӣ ба табъ расиданд. Дар с-ҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) ба Ҳаракати муқобилат ба муқобили фашистони олмонӣ пайваст. Аз соли 1951 то 1961 ба забони фаронсавӣ романи сегона, инчунин ду романи ҷудогона ба табъ расонд, ки ҷаҳон — замонеро, ки дар он зиндагӣ мекард, замони беҳудагӯӣ, музахрафот номидааст ва ҷойи хирадмандон набудани онро таъкид кардааст. Хусусияти асосии осори Беккет истеҳзову тамасхури фоҷиаомез, тафаккури ғайриодӣ, мутаноқиз мебошад. Аз маҷоз истифода намудааст. Масалан, роҳро тасвир намуда, онро роҳи зиндагӣ, роҳ ба охират, роҳ ба худшиносии беохир медонад. Асарҳои драмавии ба забони фаронсавӣ навиштаи Беккет ифодагари афкори фалсафии ӯ мебошанд. Драмаи «Дар интизори Год» (1952) ӯро дар ҷаҳон машҳур гардонд. Ин асар яке аз дастовардҳои бузург дар театри музахрафот, беҳудагӯӣ (абсурд)- и Аврупо ба шумор меравад. Дар драмаҳои то с-ҳои 70 садаи 20 навиштааш ҳамин анъана идома ёфтааст. Дар маҷмӯаҳои баъд аз ин нигоштааш ба лирика рӯй овард. Дар асарҳои оид ба Данте, Бруно, Вико, Ҷойс навиштааш (1929) ва маҷмӯаи мақолаҳои «Порчаҳо» (1977) ақидаҳои фалсафӣ ва зебоишинохтии Беккет ифода ёфтаанд. Соли 1969 ба гирифтани Ҷоизаи Нобел мушарраф гардид.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 5.0 5.1 RKDartists (нидерл.)
- ↑ книга
- ↑ https://deces.matchid.io/id/ncZXboIxtJEm
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
вироиш- Беккет Сэмюэл Баркли // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.