Мулло Ҳасаналӣ Сӯзании Соваҷӣ (? — 1593, Исфаҳон) — шоир, хаттот, котиб ва настаълиқнависи форс-тоҷик.

Сӯзании Соваҷӣ

Зиндагинома

вироиш

Хати настаълиқро хеле хуб менавиштааст. Дар мадрасаи Ҳоруни шаҳрии Исфаҳон ба китобат машғул будааст. Мувофики маълумоти тазкираҳо ашъори зиёде дар анвои гуногуни шеъри форсӣ доштааст. Абёти зерин аз ӯст: Ба ӯ хуршед ҳам дилбастагӣ дошт, Ки рӯяш вақти рафтан дар кафо буд.

Ба хеч ҷо нагузаштам, ба ҳеч кас нарасидам,
Ки дар дилам нагузаштӣ, ба хотирам нарасидӣ.

Адабиёт

вироиш