Сӯзишвории дизелӣ
Сӯзишвории дизелӣ — навъи сӯзишвории моеъ, ки дар натиҷаи полоиши нафт ҳосил шуда, муҳаррикҳои дизелӣ бо он кор мекунанд[1].
Гурӯҳбандӣ
вироишДу гурӯҳи сӯзишвории дизелиро истеҳсол мекунанд:
- сӯзишавориҳои камғилзати дистиллят барои муҳаррикҳои тезгард (беш аз 1000 гардиш дар як дақ);
- сӯзишвориҳои серғилзати фракцияҳои боқимондаи (вазнини) тақтири нефт барои муҳаррикҳои сустгард (то 600 гардиш дар як дақиқа).
Сӯзишвории дизелии гурӯҳи якумро аз фракцияҳои карасину ғазойлдори тақтири бевоситаи нафт ва қисман (то 20 %) аз ғазойли креквиги катализатории нефт ва гурӯҳи дуюмро аз амехтаи мазутҳо ва фракцияҳои карасину ғазойлдори тақтири нафт ҳосил мекунанд. Яке аз хосиятҳои муҳтмми Сӯзишвории дизелӣ худ аз худ афрӯхтани он мебошад. Зуд даргирифтани сӯзишвории дизелӣ ва пурра сӯхтани он ба таркиби химиявии ашёи хом ва сифати сӯзишвории дизели ба тозагии ашёи хом вобаста аст. Сифати сӯзишвории дизели ғайр аз ин бо адади ҳексадекан (сетан — CH3-(CH2)14-CH3 — моеъи беранги ҳарорати ҷӯшишаш 287,5 °C, ки барои муайян кардани адади сетан чун эталон қабул шудааст) муайян карда мешавад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Cӯзишвории дизелӣ чист? Маънои вожаи сӯхти дизел(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 17 май 2019 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.