Ғуломнабӣ Сӯфии Ашқарӣ (форсӣ: غلام‌نبی صوفی عشقری‎; 1892, Кобулистон[d]30 июн 1979, Шуҳадои Солиҳин[d] ё Кобул) — шоири порсигӯи Афғонистон.

Сӯфии Ашқарӣ
Таърихи таваллуд: 1892
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 30 июн 1979(1979-06-30)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Ашқарӣ дар соли 1892 дар хонаводаи тоҷир мутаваллид шуд. Вай ҳанӯз нахустин солҳои кӯдакиро сипарӣ накарда буд, ки падар, модару бародарашро аз даст дод. Ӯ аз 18-солагӣ ба шоирӣ рӯй овард. Дар соли 1293 хуршедӣ Ғуломнабӣ нахустин шеърашро ба тахаллуси Ашқарӣ суруд. Бисёре аз ашъораш дар рӯзномаҳои он замон ба чоп расид ва 70 соли тамом ба шоирӣ пардохт. Дар соли 1335 шуғли саҳҳофиро баргузид ва бо китоб сару кор пайдо намуд ва баъдан базмҳои шоирона барпо менамуд ва билохира дар 9 саратони 1358 хуршедӣ Сӯфӣ Ғуломнабии Ашқарӣ ба умри 87-солагӣ даргузашт ва дар Шуҳадои Солиҳин ба хок сипурда шуд.

Намунаи ашъор

вироиш

Бегуфтугӯ ба кулбаам, эй ошно, биё,
Бегона нестӣ, ки бигӯям: биё, биё.
Дар зиндагӣ наёмадӣ рӯзе ба пурсишам,
Мурдам кунун, ба фотиҳа баҳри Худо биё.
Як мӯ зиён ба шавкати ҳуснат намерасад,
Рӯзе суи шикастадили бенаво биё.
Ҷонам ба лаб расида зи Порис рафтанат,
Як рӯз дар таёра зи роҳи ҳаво биё.
Гар аз падар иҷоза надорӣ ба сӯи мо,
Пешаш баҳона кун, зи раҳи синамо биё.
Бар ҷои ғайр чанд равӣ, бевафо санам,
Имшаб ба сӯи Ашқарии бенаво биё.

Адабиёт

вироиш
  • Як сарзамин муҳаббат, 2005, — С. 14.