Сӯфии Мозандаронӣ
Муҳаммад Сӯфии Мозандаронӣ (форсӣ: محمد صوفی آملی مازندرانی; ? — 1625, Аҳмадобод) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Таърихи таваллуд: | 1581 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1625 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, ориф |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишАз Сӯфии Мозандаронӣ тақрибан 4 ҳазор байт (ғазал, қасида, рубоӣ) боқи мондааст. Сӯфии Мозандаронӣ дар тазкираи «Майхона» ҳамчун муаллифи соқинома зикр шудааст. Соқиномаи ӯ яке аз беҳтарин соқиномаҳо дар адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад. Тазкирае дар бораи шоирони форсизабон бо номи «Бутхона» ба қалами Сӯфии Мозандаронӣ мансуб аст.
Дар ашъори Сӯфии Мозандаронӣ мавзӯъҳои анъанавии адабиёти форс-тоҷик (ишқ, ғами ҳиҷрон, ҷудоӣ, панду насиҳат ва ғайра) ба назар мерасанд. Дар эҷодиёти ӯ афкори озодандешӣ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ баъзе муосиронаш уро кофир хондаанд.
Намунаҳо аз эҷодиёти Сӯфии Мозандаронӣ:
Маро ба вақти ҷудоӣ чу шамъ мурдан беҳ,
Ки зинда монаму бе дӯст бингарам ҷоро.
Ба ҳар ҷо ҷӯшад обе аз дили хок,
Магӯ чашма, ки чашми гирянокест.
Шикофи ҳар заминеро, ки бинӣ,
Гиребонпорае ё синачокест.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Сӯфии Мозандаронӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).