Ин вожа якчанд мазмунҳо дорад;

  • Сӯхторхомӯшкунак
  • Оташхомӯшкунак
  • Оташкушак-вожаҳои тоҷикӣ мебошанд.
  • Сӯхторхомӯшкунак ашёест, ки бо пошидани маводи махсус оташро нест мекунад. Сӯхторхомӯшкунак-барои хомӯш кардани оташ истифода бурда мешавад. Сӯхторхомӯшкунакҳои дастӣ одатан балонҳои силиндршакли сурх ва иборат аз сопла, шланг мешаванд. Ҳангоми ба кор андохтани сӯхторхомӯшкунак аз соплаи вай бо фишори баланд маводе хориҷ мешавад, ки қобилияти хомӯш кардани оташро дорад. Таркиби сӯхторхомӯшкунакҳо аз маводҳои зерин иборат аст; кафк, об, пайвастагиҳои кимиёвӣ дар шакли хока, инчунин диоксиди карбон, азот ва дигар газҳои кимиёвӣ-инертӣ. Мувофиқи қонунгузории аксарияти кишварҳо, оташхомӯшкунак бояд дар ҳама корхонаҳо ва нақлиётҳо мавҷуд бошад. Оташхомӯшкунаки кафкӣ аз тарафи ихтироъкори россиягӣ, Александр Лоран дар соли 1904 ихтироъ карда шудааст.

Навъҳои сӯхторхомӯшкунак:

  • автоматикӣ;
  • дастӣ;
  • универсалӣ.
Сӯхторхомӯшкунак
Сӯхторхомӯшкунак

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ, зери таҳрири С.Назарзода, А.Сангинов, ш.Душанбе-с.2008, ҷилди дуюм, саҳифаи 41/Оташкушак.

Пайвандҳо

вироиш

Ин мақола дар асоси мақолаи Огнетушитель, аз Википедияи русӣ тартиб дода шудааст.