Таб
Таб (Febris, pyrexia), табрез, табёза, табларза, дар натиҷаи ба маркази танзими ҳарорат таъсир намудани омилҳои гуногун – сирояти микроорганизмҳои касалиовар, захм, маҳв шудани бофтаҳо ва ғ. баланд гаштани ҳарорати бадан. Т. бемории мустақил нест, вале баъзе бемориҳоро ҳоло ҳам «Т.» меноманд. Ҳангоми Т. мубодилаи моддаҳо, асабияи марказӣ, узвҳои нафаскашӣ, ғадудҳо, дилу рагҳо ва ғ. тағйир меёбад; нобудшавии сафедаҳо ва оксидшавии карбогидратҳою равған зиёд гардида, об ва баъзе электролитҳо дар бадан боздошта мешаванд. Дараҷаи зуҳуроти Т. ба қувваи омили табофар ва ангезишпазирии маркази танзими ҳарорат вобастагӣ дорад. Т. сироятӣ ва ғайрисироятӣ мешавад. Т.-и сироятӣ дар натиҷаи ба организм таъсир намудани токсин (заҳр) ва маҳсули мубодилаи микробу вирусҳо, лат хӯрдани бофтаҳо, нобуд шудани лейкоситҳо ва ғ. ба вуҷуд меояд. Т.-и ғайрисироятӣ бошад, ҳангоми осеби гипоталамус, хунгузаронӣ ва ғ. пайдо мешавад.
Таб рӯзамарра, шифоӣ (таби сунъие, ки барои дармони дарде ба амал меоранд), сеяка (Табе, ки баъди хуруҷи он 1 – 2 рӯз давраи бетаб давом мекунад), беҳолкунанда (табе, ки дар мавриди он тағйири шаборӯзии ҳарорат аз 10 зиёд аст, вале ҳарорати минималӣ ба ҳаддӣ эътидол намерасад), сӯзон (Табе, ки ҳангоми он ҳарорати бадан аз 40,50 зиёд мешавад), нифосӣ (бемории уфуние, ки баъди таваллуд дар занҳо воқеъ мегардад), намакӣ (ҳангоми ба организм бисёр дохил шудани намаки ош рӯй медиҳад), ғизоӣ (дар тифлони ширмак ҳангоми истеъмоли хӯроки ба синни онҳо номувофиқ ба амал меояд), сафедавӣ (дар натиҷаи ба бадан гузарондани сафедаи бегона рух медиҳад) ҳам мешавад. Одам ҳангоми як қатор бемориҳои хун, аллергӣ ва эндокринӣ низ Т. мекунад.
Умуман, Т. реаксияи барои организм муфид бошад ҳам, дар баъзе ҳолатҳо ба он таъсири бад мерасонад. Агар Т. ниҳоят баланд шавад, фаъолияти аъзову системаҳои гуногун, мас., системаи асаб (дарди сар, сарчархзанӣ, тирашавии ақл), системаи дилу рагҳо ва нафаскашӣ (тез шудани кори дил, набз) ва мубодилаи моддаҳо вайрон шуда, пешоб кам мегардад. Дараҷаи баланд шудани ҳарорат ба «вояи» пироген вобаста буда, одатан аз 40,5 – 410С боло намеравад. Бояд дар хотир дошт, ки Т.-и навзодон ва одамони солхӯрда суст зоҳир мегардад.
Т. аз 3 давра иборат аст: баланд шудани ҳарорат (дар натиҷа бемор хунук хӯрда табларза мекунад), як хел истодан (пӯст сурх шуда, бемор метасфад) ва паст шудани он (мумкин аст якбора дар тӯли чанд соат ё тадриҷан ба амал ояд). Вобаста ба намуди каҷхати ҳарорат навъҳои гуногунм Т. мавҷуд аст:
- . Таби доимӣ (febris continua): ҳарор. бадан, одатан, баланд (зиёда аз 390) буда, чанд рӯз ё чанд ҳафта ҳамин тавр меистад (дар тӯли шаборӯз дар ҳудуди 10 тағйир меёбад); ҳангоми бемориҳои сироятӣ (ҳасба, пневмония ва ғайра) дучор меояд.
- . Таби сусткунанда (febris remittens): дар тӯли шаборӯз зиёда аз 1 – 20 тағйир ёфтани ҳарор. бадан; ҳангоми бемориҳои римдор ба мушоҳида мерасад.
- . Таби мутановиб (febris intermittens): якбора то 39 – 400 баланд, сипас ба муддати кӯтоҳ мӯътадил шудани ҳарор. бадан ва пас аз 1 – 2 – 3 рӯз такроран баланду паст шудани он; дар мавриди бемории вараҷа мушоҳида мешавад.
- . Таби лоғаркунанда (febris hectica): дар тӯли шаборӯз хеле баланду паст (зиёда аз 30) шудани ҳарор. бадан; дар аснои бемориҳои уфунӣ ба назар мерасад.
- . Таби бозгаштӣ (febris recurrens): якбора то 390 – 400 баланд гашта дар ҳамин ҳолат чанд рӯз боқӣ мондани ҳарор. бадан, сипас чанд рӯзи дигар мӯътадил истодану баъдан боз баланд шудани он; ҳангоми тифи бозгаштӣ падид меояд.
- . Таби мавҷмонанд (febris undulans): тадриҷан дар муддати чанд рӯз баланд, сипас оҳиста-оҳиста паст фаромадани ҳарор. бадан, сипас боз баланд шудани он, ки дар каҷхати ҳарорат мисли мавҷ менамояд; дар мавриди брутселлёз, лимфогранулематоз ва диг. бемориҳо ба мушоҳида мерасад.
- . Таби нодуруст (febris atypica): баланду паст гаштани ҳарор. бадан ягон қонунияти муайян надорад; ҳангоми тарбод, пневмония, исҳоли хунин, грипп, бемориҳои омосӣ ва ғ. мушоҳида мешавад.
- . Таби таҳрифшуда (febris inversa): ҳарор. пагоҳирӯзӣ нисбат ба ҳарор. бегоҳирӯзӣ баланд аст; зимни бемории сил, уфунати бардавом, бемории вирусӣ, ихтилоли танзими ҳарорат ба назар мерасад.
Каҷхати ҳарорат дар варақаи ҳарорат қайд карда мешавад. Тарзи каҷхати ҳарорат барои ташхис ва пешгӯии беморӣ муҳим аст.
Навъҳои таб
вироишНавъҳои таб вобаста ба намуди каҷхати ҳарорат: а – таби доимӣ; б – таби сусткунанда; в – таби мутановиб; г – таби лоғаркунанда; д – таби бозгаштӣ; е – таби мавҷмонанд; ж – таби таҳрифшуда.
Табларза
вироишТабларза (Febris), аксуламали организм нисбати омилҳои зарарнок (ба ном пирогенӣ – табофар), ки бо баланд шудани ҳарорати бадан ва фаъол гардидани қувваҳои муҳофизу мутобиқатии организм падид меояд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |